Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз ҳалокати ду зодаи Дарвози Тоҷикистон дар ҷанги Украина. ВИДЕО


Киев, 2-юми марти 2022
Киев, 2-юми марти 2022

Тибқи хабарҳои расида, ду зодаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, Ҷамшед Худоиев (Холов) ва Шуҳрат Абдуллоев шаҳрванди Русия буданд ва бо шартнома дар артиши он кишвар хидмат мекарданд. Ҷониби Русия дар ин бора расман чизе нагуфтааст.

"Мегӯянд, дар даруни тонк сӯхтааст"

Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз, 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи кушта шудани ду зодаи ноҳия дар ҷангҳои Украина хабардор шуда, ба наздикони онҳо ҳамдардӣ баён карданд. Ба гуфтаи Абдураҳмонзода, Ҷамшед Худоиев ва Шуҳрат Абдуллоев шаҳрванди Тоҷикистон набуданд.

Дар бораи кай ва дар чӣ шароит кушта шудани ду зодаи ноҳияи Дарвоз маълумоти мушаххас дар даст нест. Раиси ноҳияи Дарвоз мегӯяд, хабар ёфтаанд, ки яке аз фавтидагон ронандаи тонк будааст ва "гуё дар даруни тонк сӯхтааст, ҷасадашро ҳам наёфтанд". Саидбурҳон Абдураҳмонзода афзуд, расман аз ҷониби мақомоти Русия ягон дархосте нагирифтаанд.

Сурайё Шоева, раиси ҷамоати Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз, ба Радиои Озодӣ гуфт, синни Ҷамшед Худоиев ва Шӯҳрат Абдуллоев аз 40 боло аст ва 10-12 сол пеш ҳамроҳи оилаашон ба Русия кӯчида буданд.

Маркази ноҳияи Дарвоз
Маркази ноҳияи Дарвоз

Ба ҳамсараш гуфтааст, "дар ҷангале дар муҳосираанд"

Як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, Шӯҳрат Абдуллоев чанд рӯз пеш бо ҳамсараш телефонӣ гап зада, гуфтааст, дар ҷангале дар муҳосира мебошанд.

Дар бораи марги ин ду зодаи Тоҷикистон маълумоти бештар дар даст нест ва на ҷониби Тоҷикистон ва Русия дар ин бора маълумоти расмӣ пешниҳод накардаанд. Ин ҳам ҳанӯз маълум нест, ки онҳо ба Тоҷикистон оварда мешаванд ё дар Русия дафн карда мешаванд.

Мақомоти Русия рӯзи чаҳоршанбе эълон карданд, ки ҳудуди 500 низомии ин кишвар дар ҷанги Украина кушта шуданд. Ҷониби Украина талафоти артиши Русияро ҳудуди 6 ҳазор нафар эълон кард.

Неругоҳи атомии Украина дар ҷанг осеб дид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Ҷамшед Худоиев ва Шӯҳрат Абдуллоев аввалин зодаҳои Тоҷикистон ҳастанд, ки хабари маргашон дар Украина тасдиқ мешавад. Вале хабарҳое дастрас шудааст, ки бо оғози ҳамлаи Русия ба Украина, мақомоти рус афсарони эҳтиётӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро ба артиш даъват кардаанд. Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Фейсбук, навишт, се рӯз инҷониб тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аз даъват шуданашон ба комиссариати ҳарбӣ хабар медиҳанд.

Душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистону Русия

Аз соли 1996 ба ин тараф миёни Тоҷикистону Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад. Бар асоси ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, табааи Русия бошанд ё баръакс. Солҳои ахир садҳо нафар аз тоҷикон талош карданд, шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд то ба гуфтаи худашон аз пардохти патент ва таъқиби пулис озод шаванд.

Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия, танҳо аз соли 2016 то 2020, 196 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи Русияро гирифтаанд. Яъне, солона ҳудуди 40 ҳазор нафар. Теъдоди умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки табааи Русия шудаанд, маълум нест.

5 чизи донистанӣ дар бораи шаҳрвандии Русия:

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи тақдими шаҳрвандии Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Қонунҳои Тоҷикистон ширкати шаҳрвандони ин кишварро дар ҷангҳои хориҷӣ манъ ва барои ин то 20 сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Қисми зиёди зодагони Тоҷикистон дар Русия ҳамчунин шаҳрвандии Тоҷикистонро низ нигоҳ доштаанд.

Санадҳо баёнгари чистанд?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин суол матраҳ аст, ки агар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи Русиро дорад, агар дар ҷанги Украина ширкат кунад, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон зархарид ҳисоб намешавад?

Дар шартномаи душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ин нукта мушаххас нашудааст, ки шахсе, ки шиносномаи ҳарду кишварро дорад, аз тарафи кадом ҷониб метавонад ба ҷанг даъват шавад. Дар шартнома танҳо омадааст, шахси соҳиби шиносномаи Тоҷикистон ва Русия дар кадоме аз ин кишварҳо хидмати ҳарбиро анҷом дода бошад, афсари эҳтиётии ҳамон кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳамлаи Русия ба Украина субҳи 24-уми феврал оғоз шуд ва то ҳол давом дорад. Маскав гуфтааст, ҳадаф аз ин “амалиёти махсус” ғайринизомӣ кардани Украина аст, аммо дар Киев инро таҷовуз ба хоки Украина меҳисобанд. Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ ҳамлаи Русияро маҳкум карда, алайҳи Кремл таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG