Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Паноҳандагӣ намедиҳанд." Шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтанд, ки чӣ гуна аз Украина ба Полша рафтанд. ВИДЕО


Марзи Украина ва Лаҳистон (Полша)
Марзи Украина ва Лаҳистон (Полша)

Даҳҳо донишҷӯ ва муҳоҷири тоҷик, дар пайи идома ёфтани ҳамлаи Русия ба Украина, рӯзи 28-уми феврал ҳамроҳ бо ҳазорон паноҳандаи украинӣ аз хоки ин кишвар вориди Лаҳистон (Полша) шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Киев тасдиқ кард, ки "76 нафар мустақилона ба Полша ва 45 нафар ба Молдова рафтанд." Мақомот рӯзи душанбе гуфтанд, дар умум дар Украина 4 ҳазор шаҳрванди кишвар қарор доранд ва аз ин шумора 101 нафари онҳо донишҷӯ ҳастанд.

Саидҷон Раҳимов, донишҷӯи тоҷик, ки вориди Полша шудааст, рӯзи 28-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз Днепр ба Лвов рафта, аз он ҷо марзро гузаштанд. "Дар роҳ сокинони маҳаллӣ бо хӯроки ройгон таъмин карданд. Нисфи роҳро бо қатор ва нисфи дигарро пиёда тай кардем", -- нақл кард ӯ.

Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо мошинҳои шахсӣ сарҳади Украинаву Лаҳистонро гузаштаанд. Абдулазиз Абдуқодирзода, муҳоҷири тоҷик дар Украина, мегӯяд, бо мошини шахсиаш ба Полша ворид шуд.

Ӯ афзуд: “Дар инҷо на раводид (виза) пурсиданд, на ҳуҷҷати дигар. Танҳо паспортро диданд ва иҷозати ворид шудан доданд. Ҳоло дар Полша ҳастем ва касе ҳам кор надорад." Дар сафорати Тоҷикистон дар Украина ҳам гуфтанд, ки феълан дар Лаҳистон ва Руминияву Молдова аз шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо шиноснома пурсида мешаваду бас.

Видеоро дар инҷо бинед:

Донишҷӯёни тоҷик аз Украина ба Лаҳистон фирор кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

То ин дам чандин нафар пурсидаанд, ки сарнавишти он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Украина ба кишварҳои аврупоӣ гузаштаанд, чӣ хоҳад шуд? Оё онҳо мақоми паноҳанда мегиранд ё ба кишварҳои худ баргардонда мешаванд?

Сафаралӣ Саидов, ҳунарманди тоҷик, ки аз хоки Украина вориди Лаҳистон шудааст, рӯзи 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, варақаи паноҳандагӣ танҳо ба муҳоҷирони украинӣ дода мешавад.

“Ин ҷо фақат ба муҳоҷирони украинӣ варақаи паноҳандагӣ медиҳанд. Ба фикрам, муҳоҷирони дигарро бо роҳҳои амн ба кишварҳои худашон бармегардонанд ва паноҳандагӣ намедиҳанд," -- афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони кишвар метавонанд, "бе раводид (виза) ба муддати кӯтоҳ, маъмулан барои 14 рӯз" аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова раванд.

Ҳанӯз садҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон имкони хуруҷ аз Украинаро пайдо накардаанд. "Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, бояд талаботи ҳолати низомиро қатъиян риоя кунанд, ором бошанд ва ба қадри имкон дар ҷои истиқомати худ бимонанд," – гуфта шудааст дар баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Украина.

Бо вуҷуди расидани хабарҳои тира аз Украина, донишҷӯёни тоҷик умедворанд, ҷанг ба зудӣ хотима меёбад, ва онҳо ба дарсу таҳсил бармегарданд.

XS
SM
MD
LG