Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА гуфт, кумак ба Украинаро давом медиҳанд


Ҷо Байден ва Владимир Зеленский моҳи сентябри соли гузашта бо ҳам аз наздик суҳбат карда буданд.
Ҷо Байден ва Владимир Зеленский моҳи сентябри соли гузашта бо ҳам аз наздик суҳбат карда буданд.

Президенти Украина Владимир Зеленский ва Ҷо Байден, президенти ИМА дар суҳбати телефонӣ масоили амниятӣ, ёрии молӣ ба Украина ва таҳримҳои иқтисодӣ ба Русияро баррасӣ карданд.

Дар хабарномаи Кохи Сафед гуфта мешавад, ки президенти ИМА пешниҳоди бастани системаҳои пардохтии "Visa" ва "Mastercard" дар Русияро қабул кардааст.

Байден гуфтааст, Кохи Сафед ёрии башардӯстона ва кумакҳои иқтисодӣ ба Украинаро давом медиҳад.

Биржаи байналмилалии асъор гуфтааст, ки ҳафтаи оянда ба Украина ним миллиард доллар ҷудо мекунад, вале ҳушдор додааст, ки ҷанг ба иқтисоди ҷаҳон таъсири бад хоҳад расонд.

Ҳамзамон Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ видео нашр карда, гуфтааст, "мардуми Русия шумо бояд бидонед, ки аз номи шумо чӣ мекунанд."

Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон бар зидди ҳуҷуми Русия ба Украина эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG