Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, "дар ду минтақа оташбас эълон шуд", вале ҳамлаҳо идома доранд


Украина
Украина

Бино ба гузориши расонаҳои давлатии Русия, Вазорати дифои ин кишвар рӯзи 5-уми март дар Мариупол ва Волновахаи Украина оташбаси муваққат эълон кардааст, то аҳолии осоишта аз онҷо бираванд. Вале ҳамлаҳои сарбозони Русия дар минтақаҳои дигари Украина идома дорад.

Ҳукумати Украина нақша дорад, тақрибан 200 ҳазор нафарро аз Мариупол ва 15 ҳазор касро аз Волноваха берун барад. Як мушовири аршади ҳукумати Украина пешниҳод кардааст, барои кӯч додани аҳолии осоишта ба созишҳои бештар ниёз ҳаст.

Мариупол бо беш аз 400 ҳазор аҳолӣ дар соҳили Баҳри Азов шаҳри муҳиму стратегӣ аст, вале дар рӯзҳои ҷанг аз обу барқ маҳрум шудааст. Шаҳрдори Мариупол Вадим Бойченко тавассути Telegram гуфт, танаффус дар ҷанг "имкон медиҳад, ки зербунёдҳои муҳим – хатти нерӯи барқ ва обу мухобиротро барқарор кунанд.” Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, имкони таъмини Мариупол бо хӯрок ва доруҳои зарурӣ хоҳад буд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 24-уми феврал аз ҳамлаи густурда ба Украина хабар дод. Дар даҳ рӯзи ҷанги бесабаб ҳазорон нафар кушта ва беш аз 1 миллиону 200 ҳазор кас паноҳанда шудаанд.

Кишварғои ғарбӣ рафтори Русияро маҳкум карда, ба зидди ин кишвар ва мансабдоронаш таҳримҳои сахттарин ҷорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG