Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ фаъолияташро дар Русия қатъ кард


Идораи Радиои Озодӣ дар Маскав
Идораи Радиои Озодӣ дар Маскав

"Радио Свобода", бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ эълон кард, ки бо сабаби фишорҳои мақомоти Русия кор дар ин кишварро қатъ кардааст.

Пештар мақомоти андози Русия Радиои Озодиро дар ин кишвар муфлис эълон карданд ва парванда боз карданд.

“Радио Свобода», бахши русии Радиои Озодӣ аз соли 1991 дар ин кишвар фаъол буд ва ҳоло тасмим дорад, ки берун аз Русия ба кораш идома диҳад.

Далели муфлисшавии “Радио Свобода» ин буд, ки мақомоти Русия ин расонаро вориди руйхати "агенти хориҷӣ" карда буданд ва талаб доштанд, ки дар оғози ҳар навишта бояд ба ин нукта таъкид шавад.

Ин талаботро Радиои Озодӣ ғайриқонунӣ хонд ва иҷро накард, вале мақомоти Русия ин расонаро 13,4 миллион доллар дар ду соли ахир ҷарима бастанд.

Рӯзи чоруми март дар Русия Владимир Путин, президенти Русия қонун дар бораи "дуруғпароканӣ дар бораи артиши Русия"-ро имзо кард, ки нақзи он то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Аксари расонаҳои байналмиллаӣ, мисли ББС корро дар Русияро қатъ карданд.

То оғози ҷанг дар Украина сомонаҳои Радиои Озодӣ дар ин кишвар баста шуда буданд.

XS
SM
MD
LG