Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ба Украина "Стингер" ва мушаки зиддитонкӣ мефиристад


Нерӯҳои Украина, 26-уми феврали 2022
Нерӯҳои Украина, 26-уми феврали 2022

Ҳукумати Олмон гуфт, дар муқобили ҳамлаи беасоси нерӯҳои Русия, ба Украина 1000 мушаки зиддитонкӣ ва 500 мушаки зидди ҳавоии "Стингер" мефиристад. Ин тасмим дар сиёсати Берлин дигаргунии қобили мулоҳиза аст.

Олмон рӯзи 26-уми феврал ҳамчунин гуфт, ба Ҳолланд иҷоза медиҳад, ки садҳо мушаки зиддитонкии сохти ин кишварро ба Украина интиқол диҳад. Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, дар баёнияе гуфт, "вазифаи мост, ки тамоми талошро бикунем, то Украина аз артиши таҷовузгари Путин эмин бимонад."

Раисиҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, аз тасмими Олмон ситоиш кард. Вай дар Твиттер навишт, "Олмон ба тозагӣ эълон кард, ки ба Украина силоҳҳои зиддитонкӣ ва мушакҳои "Стрингер" медиҳад. Ин корро давом диҳед."

Аз он пеш, Матеуш Мораветcкий, нахуствазири Лаҳистон, баъзе аз кишварҳои ғарбӣ ва бахусус Олмонро гунаҳкор кард, ки ба зидди Русия таҳримҳои сахту шикананда ҷорӣ накардаанд. Вай рӯзи 26-уми феврал, қабл еш аз мулоқот, бо Шолтс ба хабарнигорон гуфт, "аз ин рӯ, ба ин ҷо омадам... то виҷдони Олмонро такон диҳам. То онҳо дар ниҳоят дар бораи таҳримҳое, ки воқеан шикананда ҳастанд, тасмим бигиранд."

Дар ҳамин ҳол, Ҳолланд гуфт, дар пайи дархости Киев ба Украина мушакҳои дифои ҳавоӣ ва системаҳои зиддитонкӣ хоҳад дод. Ҳукумати Ҳолланд ба порлумон гуфт, ба зудӣ ба Украина 200 мушаки "Stinger" ва 50 силоҳи зиддитонкии "Panzerfaust 3" бо 400 мушак мефиристад.

Нерӯҳои Русия субҳи 24-уми феврал ба Украина ҳамла карданд. Маскав онро амалиёти вижа барои ғайринизомӣ кардани Украина медонад, вале Киев ва кишварҳои ғарбӣ таҷовуз меҳисобанд. Аксар кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои молӣ ҷорӣ карда, интиқоли таҷҳизоти низомиро ба Украина афзоиш додаанд.

XS
SM
MD
LG