Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Русияро дар Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум карданд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Додгоҳе дар Тоҷикистон як шаҳрванди Русияро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал бо нашри як баёния дар сомонаи расмиаш дар ин бора хабар додааст.

Сергей Проскуряков, ки ба таҷовуз ва куштори як кӯдаки 6-сола гунаҳкор дониста шудааст, дар маҳбаси дорои низомаш сахт адои ҷазо хоҳад кард. Бино ба иттилои ин ниҳод, шаҳрванди Русия, Сергей Проскуряков, ки дар ноҳияи Дӯстии Вилояти Хатлон зиндагӣ мекардааст, моҳи сентябри соли гузашта, дар ҳолати мастӣ кӯдаки хурдсолеро бо роҳи фиреб ва қасди таҷовуз ба ҷойи беодам бурда, баъди озору азияти ҷинсӣ ӯро аз фишурдани гулӯ ва бастани роҳи нафасаш ба қатл мерасонад.

Додситонии ноҳияи Дӯстии Вилояти Хатлон Сергей Проскуряковро ба одамкушӣ бо бераҳмии хос ва таҷовузи ноболиғ муттаҳам мекард. Ҳукми шаҳрванди Русияро охири моҳи декабр додгоҳи вилояти Хатлон эълон кард ва натиҷаи он ахиран дастрас шуд. Назари вакили дифои шаҳрванди Русияро маълум нест.

XS
SM
MD
LG