Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Қазоқистону Белорус автобус мехарад


Бишкек, Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Бишкек, Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 15-уми феврал дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки барои хариди 2 ҳазор автобус сармоя пайдо карданд.

Рӯзноманигорон аз Жапаров пурсиданд, ки оё ҳукумати Қирғизистон омодааст, дар сурати пешниҳоди автобусҳои босифати маҳаллӣ тасмими хариди техникаҳоро аз хориҷ бозбинӣ кунад.

"Мо ба шаҳрдории Бишкек дастур додем, ки 2 ҳазор автобус харидорӣ намояд. Мо аллакай манбаи сармоягузориро пайдо кардем. Қарор шуд, ки 1000 автобус аз Белорус ва 1000 автобуси дигар аз Қазоқистон харида шавад. Аммо агар сифати истеҳсолгарони дохилӣ беҳтар бошад, омодаем, ки аз онҳо харидорӣ кунем", - афзуд Жапаров.

Қаблан хабар дода шуд, ки Қазоқистон соли 2022 ба Қирғизистон 1 ҳазор автобуси навъи "Yutong" содир мекунад. Ҷонибҳо дар ин бора ёддошти тафоҳумеро имзо карда буданд.

Қирғизистон ин автобусҳои мусофирбарро, ки бо низоми пардохти электронии "ONAY PAY" муҷаҳҳазанд, ба тариқи лизинг хоҳад гирифт. Арзиши автобусҳо ва муҳлати лизинг гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG