Украина дархост кард, дар 48 соати оянда бо намояндагони Русия ва дигари кишварҳои узви Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқот баргузор шавад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба дар саҳифаи "Твиттер" хабар дод. Дархости мулоқот дар доираи санади маъруф ба Вена дар ҳоле анҷом шудааст, ки Маскав ба дархости дигари Киев оид ба дур бурдани неруҳо посух надод.
"Русия ба дархости мо дар доираи санади Вена посух надод. Мо қадами баъдиро мегузорем. Украина мулоқот бо Русия ва дигар кишварҳои узвро дар давоми 48 соат дархост мекунад. Дар ин мулоқот дур бурдани неруҳои Русия аз наздикии марзӣ мо ва Қрими ишғолшуда баррасӣ мешавад. Агар Русия ба ҳарфҳояш дар мавриди амнияти фазои САҲА ҷиддӣ бошад, пас вай бояд масъулиятҳояшро барои пас кардани таниш ва тақвияти амнияти кишварҳои дигари узв иҷро кунад", - навишт Кулеба.
Пештар Украина аз Русия талаб карда буд, ки дар 48 соат фаъолшавии низомиашро дар наздикии марзҳои Украина шарҳ диҳад. Санади Вена соли 2011 аз сӯи САҲА қабул шуда буд. Ин санад талаб мекунад, ки ҷонибҳо аз ҷобаҷосозии неруҳои низомии худ ва афзоиши неруҳо кишвраҳои дигарро огоҳ месозанд.
Гуруҳи пажуҳишгари Conflict Intelligence Team (CIT) бо омӯзиши наворҳое, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, тасдиқ мекунад, ки Русия ба интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба наздикии марзҳои Украина идома медиҳад. Чанде аз кишварҳои дунё аз бими ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина аз шаҳрвандонашон хостаанд, ки Украинаро тарк кунанд.
Пештар аз ин талошҳои кишварҳои ғарбӣ, ки аз Русия мехоҳанд, танишҳоро фӯру нишонад, ҳосили ночизе дод. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки ҳамлаи Русия ба Украина "боиси ранҷи густурдаи мардум ва пойин омадани ҷойгоҳи Русия дар ҷаҳон мешавад. Дар баёнияе, ки Кохи Сафед пас аз ин гуфтугӯ дар рӯзи 12-уми феврал нашр кард, омадааст, Ҷо Байден таъкид кард, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина Амрикову муттаҳидонаш посухи қотеъ медиҳанд, ки барои Русия "оқибатҳои сангину зуде" хоҳад дошт.
Дар баёнияи ҳамчунин омадааст, Амрико барои фӯру нишондани танишҳо бо Русия, ки 100 ҳазор сарбозу аслиҳаву муҳимоти ҷангиро дар марзи Украина сафарбар кардааст, моил ба дипломатия аст, вале айни замон "ба сенарияҳои дигар омодагӣ гирифтааст".
Як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико ба хабарнигорон гуфтааст, суҳбати телефонӣ, ки тақрибан як сомт идома кард, ҳеч натиҷаи муҳиме барои коҳиши танишҳо дар марзи Украина надодааст. Мақоми амрикоӣ гуфтааст, маълум нест, ки оё Русия моил ба идомаи роҳи дипломатӣ аст ва афзудааст, ки мумкин аст, Русия амалиёти низомиро ба зидди Украина пеш бигирад. Ҳукумати Русия батакрор гуфтааст, ки ҳеч қасди ҳамла ба ин хоки ҳамсояаашро надорад.
Ҳукумати Русия пас аз суҳбати телефонӣ хабар дод, ки Владимир Путин ба Ҷо Байден гуфтааст, ки дар ҷавоби Амрико ба талаботи асосии амниятии Русия, нигарониҳои муҳими амниятии Русия ба инобат гирифта нашудаанд ва Маскав ба ин посухи Амрико ба зудӣ ҷавоб мегӯяд.
Маскав аз кишварҳои ғарбӣ талаб дорад, ки Украина ва дигар кишварҳои собиқи шӯравиро ба узвияти НАТО, Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ напазирад, фиристодани аслиҳа ба Украинаро бас кунад ва неруҳояшро аз Аврупои Шарқӣ пас кашад.
Пеш аз суҳбат бо Ҷо Байден, Владимир Путин бо Эманнуел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса суҳбати телефонӣ дошт. Бино ба хабарҳои мақомоти Кремлин дар ин суҳбат ҳам пешрафти ночизе барои фӯру нишондани танишҳо ба даст омадааст. Дар баёния омадааст, ки хабарҳо дар бораи қасди ҳамлаи Русия ба Украина "иғво" аст.
Бо даъвати кишварҳои ғарбӣ барои тарки Украина, раиси ҷумҳур Владимир Зеленский рӯзи 12-уми феврал бо муроҷиат ба мардум гуфт, ки "ором бимонанд" ва ба воҳима дода нашаванд, чун воҳима "беҳтарин дӯсти душманони мост".