Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Суғд 6 муттаҳам ба дуздии 48 тонна ангиштро аз ҷавобгарӣ озод кард


Шаш сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки ба дуздии 48 тонна ангишт гумонбар буданд, аз ҷавобгарӣ озод карда шудаанд. Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд 3-юми феврал дар мурофиаи ниҳоӣ, бо назардошти барқарор кардани зарари ворида ба корхонаи "Қудрат 2010", ин афродро озод намуд.

Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи яке аз муттаҳамон, рӯзи 10-уми феврал тасдиқ кард, ки нафари зери ҳимояташ ва ҳамроҳони ӯ зарари расондаро баргардонданд.

Ин афрод ба дуздии 48 тонна ангишт гумонбар мешуданд. Онҳо рӯзи 3-юми ноябри соли гузашта бо иттиҳоми дуздии ангишт аз анбори ширкати “Қудрат 2010” дастгир шуданд. Пайвандонашон он замон иттиҳоми дуздиро беасос хонда буданд.

Ба иттилои дарёфтӣ, парвандаро ба он хотир додситонии низомӣ тафтиш намуд, ки Зайниддинхуҷа Орифов, яке аз гумонбарон, корманди Идораи ҳолатҳои фавқулода буд. Гумонбарон аз 25 то 34-сола ҳастанд ва ҳаҷми зарари расонидаи онҳо ба ширкат ҳудуди 28 ҳазор сомонӣ гуфта шуда буд. Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ тавр 48 тонна ангишт аз ин ширкат дуздида шудааст.

Ширкати "Қудрат 2010" панҷ сол қабл фаъолияти худро дар кони ангишти "Ғузн"-и Кӯҳистони Мастчоҳ шурӯъ кард.

XS
SM
MD
LG