Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири НАТО гуфт, Русия ба Беларус 30 ҳазор сарбоз фиристод


Владимир Путин, президенти Русия ва вазири дифои он кишвар Сергей Шойгу
Владимир Путин, президенти Русия ва вазири дифои он кишвар Сергей Шойгу

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, гуфт, Маскав дар рӯзҳои охир ҳудуди 30 ҳазор сарбоз ва аслиҳаи муосирро ба Беларус фиристодааст. Ба қавли ӯ, пас аз поёни Ҷанги Сард, ин бузургтарин ҷобаҷокунии нерӯҳои Русия дар кишвари ҳамсояаш аст.

Русия ва Беларус дар охири моҳи январи имсол гуфтанд, ки размоиши муштараки низомӣ баргузор мекунанд. Ин тасмим дар пасманзари нигарониҳо аз таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марз бо Украина ва эҳтимоли ҳамлаи Маскав ба Киев эълон шуд.

Русия шумораи сарбозонеро, ки ба Беларус фиристодааст, ошкор намекунад. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, рӯзи 3-юми феврал дар Беларус гуфт, теъдоди сарбозон аз меъёре, ки тибқи қоидаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар соли 2011 (Санади Вена) таъин шудааст, зиёд нест.

Дар он санад ҷалби 13 ҳазор сарбоз, 300 тонк, 500 мошини зиреҳпӯш ва 3500 десант иҷоза дода шудааст. Дар сурати вайрон шудани бандҳои Санади Вена, Русия вазифадор аст, нозирони САҲА-ро ба минтақа даъват кунад.

XS
SM
MD
LG