Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти занони мубтало ба саратон дар Бишкек


Гуруҳе аз занони мубтало ба бемории саратони сина субҳи 1-уми феврал дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек тазоҳурот карданд. Онҳо аз ҳукумати Қирғизистон талаб карданд, ки бахши маммологияи Маркази миллии саратоншиносӣ дар он кишвар баста нашавад.

Эътирозгарон гуфтанд, ки мубориза бо ин навъи беморӣ барояшон хеле мушкил аст ва бархе аз онҳо маҷбур ҳастанд, ки барои хариди доруҳои гаронарзиш тамоми дороии худро фурӯшанд.

"Дар он бахш сокинони камбизоат табобат мегиранд. Дар миёни онҳо шахсоне низ ҳастанд, ки ҳатто роҳпулӣ надоранд. Ба онҷо занон аз тамоми ҷумҳурӣ мераванд. Беҳтарин табибон дар ин бахш кор мекунанд",-изҳор дошт яке аз гирдиҳамомадагон..

Занони мубтало ба саратони сина як моҳ пеш низ аз вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев ва президенти он кишвар Содир Ҷабборов даъват карда буданд, ки бахши мазкури Маркази миллии саратоншиносиро набанданд.

XS
SM
MD
LG