Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Тоҷикистону Қирғизистонро ба "ҳамзистии сулҳомез даъват" кард


Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ
Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ

Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, «ИМА аз хушунатҳои нав дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон амиқан нигарон аст». Изҳороти Прайс рӯзи 29-уми январ дар саҳифаи Твиттери ӯ нашр шуд. Прайс дар паёми мухтасар гуфтааст: «Тамоми фикру андешаҳои мо бо қурбониён, оилаҳо ва мардуми дар натиҷаи хушунатҳо беҷошуда мебошад. Мо ба ҳалли масоили ҳалношудаи марзӣ аз роҳи музокирот ва ҳамзистии сулҳомез даъват мекунем”. Ин нахустин вокуниши як намояндаи расмии ИМА ба хушунатҳои рӯзи 27-уми январ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. ИМА як ҳамкор ва шарики сиёсиву иқтисодии ин ду кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Изҳороти Прайс дар рӯзе нашр шуд, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз анҷоми гуфтугӯҳои дурӯзаи баъди муноқишаи ахир хабар доданд. Дар изҳороти матбуотии раҳбарони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон зарурати пойбандӣ ба мувофиқаҳои қаблӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии қаблан имзошуда чун шарти муҳими пешгирӣ аз низоъ таъкид шуд.

Қаблан раҳбарияти СПАД, Идораи мусулмонони Русия ва САҲА аз мақомоти ду кишвар хостанд, ки ба хушунатҳо хотима дода танҳо аз роҳи музокирот ихтилофи назарҳоро ҳал кунанд.

Рӯзи 27-уми январ марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди боз як низои мусаллаҳона шуд, ки дар натиҷа ду шаҳрванди Тоҷикистон куштаву ва беш аз 20 нафар аз ҳар ду ҷониб маҷрӯҳ шуданд. Хушунатҳо рӯзи 28-уми январ хотима ёфт ва ҷонибҳо пушти мизи гуфтугӯ нишастанд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Мақомоти ду кишвар нимашаби 28-уми январ дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд.

Сабаби чунин муноқишаҳо марзи таъйину аломатгузориношудаи байни ду кишвар аст. Баҳори соли гузашта дар як низое, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт. Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километрро мушаххас ва нишонагузорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG