Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятимов: “Гурез аз протоколҳои имзошуда сабаби низоъ мешавад”. АКС


Раҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар – Саймӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев пеш аз музокирот дар ҳайатҳо бо ҳам гуфтугӯи якбаяк анҷом додаанд

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баъди анҷоми музокирот бо мақомоти Қирғизистон гуфт, “протоколҳои дар гузашта имзошуда бояд риояву иҷро шаванд” ва гурез аз иҷрои онҳо боиси низоъ мешавад

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, музокироти ҳайатҳои ду кишвар нисфирӯзии рӯзи 29-уми январ ба анҷом расид, вале ҳеҷ санаде дар поёни он имзо нашуд.

Даври дуюми музокираҳо дар марзро раҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар – Саймӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев пеш бурданд. Ба иттилои Хадамоти матбуоти вилояти Суғди Тоҷикистон, дар ҷараёни музокироти рӯзи шанбе мулоқоти рӯбарӯи Ятимов ва Тошиев ҳам барпо шудааст.

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баъди анҷоми музокирот бо мақомоти Қирғизистон гуфт, “протоколҳои дар гузашта имзошуда бояд риояву иҷро шаванд” ва гурез аз иҷрои онҳо боиси низоъ мешавад. Ятимов, ки зоҳиран дар ҳузури ширкатдорони музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон бо журналистони қирғизистонӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки рӯзи 29-уми январ музокироти миёни ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид ва таъкид кард, ки ҳеҷ санаде имзо нашудааст.

Ӯ, ки дар баробари наворбардори яке аз расонаҳои Қирғизистон истода сӯҳбат мекарду суханронии ӯ дар Фейсбук нашр шуд, гуфт: “Тасмим бояд бар асоси асоси масъалаҳои қабулшуда гирифта шавад. Вақте ман дар бораи асос мегӯям, манзурам санадҳои ҳуқуқӣ аст, ки мо бояд бар асоси онҳо амал кунем. Ва ин санадҳо бояд бар пояи қарорҳои мавриди қабули тарафҳо ва ҳам ризоият (-и ҳукуматҳои мо) қабул шаванд. Мавқеи мо бар пояи санадҳои бунёдии солҳои 1924-1929, (қарорҳои) комиссиюни дутарафаи соли 1989 ва протоколҳое асос ёфтааст, ки ҳамчунин ба шакли ризоияти мавқеи ҳукуматҳои мо таҳия шудаанд ва манфиатҳои мардуми моро ба инобат мегиранд. Ин протоколҳоро ҷиддан риоя бояд кард. Гурез аз санадҳои ҳуқуқӣ, гурез аз протоколҳои имзошуда сабаби низоъ мешавад”.

Тошиев суханони Ятимовро тасдиқ кард, вале илова намуд, ки муҳимтар аз ҳама бояд кори ҳайати байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марз, ки ду моҳ пеш қатъ гаштааст, барқарор карда шавад. Вай ҳам ба протколу ҳуҷҷатҳои имзошуда ишора намуд ва гуфт, бар пояи онҳо бояд амал кард, аммо илова намуд, ки "ҳамчунин бо назардошти мафиатҳои миллии ду давлат".

Рӯзи 27-уми январ марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди боз як низои мусаллаҳона шуд, ки дар натиҷа ду шаҳрванди Тоҷикистон куштаву ва беш аз 20 нафар аз ҳар ду ҷониб маҷрӯҳ шуданд. Хушунатҳо рӯзи 28-уми январ хотима ёфт ва ҷонибҳо пушти мизи гуфтугӯ нишастанд.

Шурӯи кори комиссиюни топографӣ. Манъи парвози дронҳо

Ятимов дар идомаи суханронии худ гуфт: "Мо бо ин андеша розӣ шудем, ки талаботи протоколҳо (-и дар гузашта имзошуда) бояд беқайду шарт иҷро шаванд. Аз ҷумла, мо дар бораи протоколе сӯҳбат кардем, ки 1-уми маи соли 2021 имзошуда сӯҳбат кардем. Мо ба мувофиқа расидем, ки баъди 8 рӯз ба иҷрои ин протокол шурӯъ мекунем. Мо танҳо бар асоси бандҳои аз рӯи ин протокол имзошуда кор хоҳем кард... Расо баъди 8 рӯз комиссиюни дуҷониба оид ба масоили топографиву ҳуқуқӣ корро шурӯъ мекунанд ва кори онҳо дар робита бо аломатгузории марз бетанаффус идома хоҳад кард. Дар наздиктарин фурсат мо вохӯрда, кори ин комиссиюнро ҳам баррасӣ мекунем. Мавқеи мо ин аст, ки мо бояд ин масъалаҳоро танҳо дар сатҳи дуҷониба, дар чаҳорчӯби қонунҳо ва бо назардошти манфиати мардуми ин ду кишвар ҳаллу фасл кунем".

Дар сабтҳои видеоие, ки дар шабакаи Youtube аз ҷониби вебсатйи "Турмуш" нашр шудааст, чанд лаҳза идомаи сӯҳбати мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дида мешавад. Зоҳиран, ин сӯҳбатҳо баъди изҳороти видеоии Ятимову Тошиев анҷом шудааст. Дар ин навор дида мешавад, ки Қамчибек Тошиев мегӯяд, дар музокироти ду кишвар инчунин қарор шуд, ки “аз ин ба баъд, аз имрӯз эътиборан ҳеҷ як бесарнишин, яъне дрон (дар марзи ду кишвар) парвоз намекунад... Бас аст ин корҳо, ҳам аз ин тараф, ҳам аз он тараф”.

Ин сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки КДАМ-и Тоҷикистон дар изҳороти рӯзи 28-уми январаш ҷониби Қирғизистонро барои парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин "бо вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" интиқод кард.

Рӯзи аввали гуфтугӯҳо

28-уми январ, дар рӯзи якуми мулоқот ва гуфтугӯҳо Ятимов ҳузур надошт ва ҷараёни музокирот бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи нирӯҳои марзбони Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ барпо шуд. Дар хабари расмии субҳи шанбе дар бораи оғози “даври дуюми мулоқоту музокироти гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон” хабар дода шудааст, вале аз ин ҷаласа ҳам ҷузъиёте нашр намешавад. Дар хабар танҳо гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот “вазъи баамаломадаи рӯзи 27 январи соли равон дар хати марзи Тоҷикистону Қирғизистон, деҳаи Хоҷа-Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара муҳокима гардида истодааст”.

Даври аввали музокирот, ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи марзии Исфара ҷараён гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар ин мулоқот, ки пушти дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорон гузашт, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хостори ҳалли сулҳомези низоъ шудааст. Раҳбари Раёсати марзбонии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки кишвараш хостори сулҳу субот ва таъмини амният дар марз аст.

Ба навиштаи Радио Азаттик, Тошиев баъди рӯзи аввали гуфтугӯҳо ба хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст, ки “чанд қароре қабул шуд”. Тошиев гуфтааст, ки “ҷонибҳо ба таъсиси комиссиюни муштараки таҳқиқкунандаи сабабҳои рӯй додани низоъ мувофиқа карданд”. “Муҳимтар аз ҳама, - гуфтааст Тошиев, - ҳама нирӯҳои ба марз кашидашуда бояд ба қисмҳои низомии худ баргарданд. Барои таъмини тартиботи низомӣ то шом дар сарҳад танҳо кормандони марзбониву полис мемонанд”. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки воқеаи ахир "сабақе ба тоҷикон аст". Ин гуфтааш эътирози корбарони қисмати тоҷикии шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард. Мақомоти Тоҷикистон дар бори натиҷаҳои ин мулоқот ва куллан рӯйдодҳои ахир шарҳе нашр накардаанд.

Кушташудаҳо кӣ буданд?

Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон субҳи 28-уми январ бо нашри изҳороте гуфт, ки Обидҷон Тӯйчиев, сокини ҷамоати Хоҷаи Аълои Исфара бар асари таркиши тири миномёти марзбонони қирғизӣ дар манзилаш ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи манбаъ, Абдулатиф Шарифови 62-сола, ронандаи "Ёрии таъҷилӣ"-и Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти ғайринизомиён деҳаи Хоҷаи Аъло, аз зарбаи гулӯла ҷон бохтааст. Ба гуфтаи сокинони деҳа дар инҷо 10 хона осеб дидаанд. Дар видеоҳое, ки аз деҳаи Сурхи ноҳия ба дасти Радиои Озодӣ расид, чанд хонаи осебдида ба чашм мехӯранд. Ба гуфтаи сокинон дар инҷо 3 хона осеб дидааст.

Вазорати тандурустии Қирғизистон субҳи 29-уми январ иттилоъ дод, ки шумори маҷрӯҳон то 13 нафар афзоиш ёфт ва ин нафарон бо захмҳои гуногун дар бемористон қарор доранд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки ҳама маҷрӯҳшудаҳо низомиён мебошанд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Мақомоти ду кишвар нимашаби 28-уми январ дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун мебаранд, шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро мекушоянд ва дар марз посбонии муштарак ташкил мекунанд.

Сабаби чунин муноқишаҳо марзи таъйину аломатгузориношудаи байни ду кишвар аст. Баҳори соли гузашта дар як низое, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт. Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километрро мушаххас ва нишонагузорӣ кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шарҳҳоро бинед (21)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG