Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси САҲА гуфт, омодаи кумак ба Тоҷикистону Қирғизистон ҳастанд


Збигнев Рау, вазири умури хориҷии Лаҳистон ва раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупост.
Збигнев Рау, вазири умури хориҷии Лаҳистон ва раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупост.

Раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз созиши оташбас байни Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол карда ва гуфтааст, ин созмон ҳозир аст, дар сурати зарурат ба ҳарду кишвар кумак расонад.

Збигнев Рау, рӯзи 28-уми январ дар саҳифааш дар Твиттер навиштааст, «Ман аз созиши оташбас байни Тоҷикистону Қирғизистон, баъди ҳодисаҳои ахир дар марз истиқбол мекунам.»

Ӯ аз ҳарду тараф хостааст, ки шиддати танишҳоро коҳиш дода ва мушкилотро аз роҳи осоишта ҳал кунанд. Збигнев Рау гуфтааст, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо назорати авзоъро идома медиҳад ва омодааст, «дар сурати расидани дархости расмӣ ба Тоҷикистону Қирғизистон кумак кунад.»

Дар натиҷаи муноқишаи марзбонони ду кишвар дар шоми 27-уми январ ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷруҳ шуданд. Мақомоти рамӣ баъди муноқиша бо ҳам мулоқот карда ва гуфтанд, ки неруҳо бояд аз марз ақиб бурда шаванд.

XS
SM
MD
LG