Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи хатми ҷангу низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кадом аст? ВИДЕО


Ронандаи ин мошини ёрии таъҷилӣ дар ҳамлаи марзбонони қирғиз кушта шудааст.

Муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба андешаи бархе таҳлилгарон “идомаи низои мусаллаҳона ва пурхушунати апрели соли 2021” ва баёнгари “сиёсати фишор ва ноомодагӣ ба гузашт дар аломатгузории марзи муштарак” мебошад.

Дар натиҷаи муноқишаи марзбонони ду кишвар дар шоми 27-уми январ ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷруҳ шуданд.

Муноқишаи ахири марзӣ нӯҳ моҳ баъд аз задухӯрди мусаллаҳонаи бесобиқа дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод. Ин низоъ дар замони истиқлоли ду ҳамсоякишвар аз чанд ҷиҳат, аз ҷумла, тули низоъ, истифодаи аслиҳаву муҳимот вусъати хушунатҳову шумори қурбониҳо бемисл буд.

Аксар таҳлилгарон низои моҳи апрели соли 2021-ро, ки бо марги 55 нафар аз ҳарду тараф анҷомид, чархише дар ихтилофҳои сиёсии ду ҳамсоя номиданд, ки зоҳиран таъйинкунандаи мавзеъгирии раҳбарияти сиёсии Бишкеку Душанбе дар баҳсҳои марзии оянда хоҳад шуд.

“Доктринаи фишор”

Таҳлилгари сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов низои ахирро “пешбинишаванда” меҳисобад, чун, ба гуфтаи ӯ, баъди муноқишаи мусаллаҳонаи соли 2021 дар музокироти ду кишвар “ҳеч пешрафти ҷиддие мушоҳида нашуд”. Ӯ аз он ёдовар шуд, ки баъди низои гузашта раҳбарони сиёсии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки дар муддати кутоҳе баҳсҳои мавҷуда, аз ҷумла, масоили баҳсӣ дар аломатгузории марз ҳалли худро меёбад, вале чунин нашуд.

Таҳлилгар мегӯяд, сабаби аслии торафт бадтар шудани бӯҳрони марз дар масоили сиёсӣ дар ҳарду кишвар, вале бештар дар Қирғизистон ва ваъдаи ҳукумати Содир Жапаров “дар ду, ё се моҳ ҳал кардани масоили марзӣ” аст.

“Яъне ҳамон бархӯрди инқилобӣ то ҳол аз зеҳнашон берун нашуд... ва ҳамеша талош мекунанд, аз роҳи фишори иқтисодӣ масъаларо ҳал кунанд. Сипас, чандон хоҳишманди созиш нестанд ва агар бо ҳукуматҳои пешин муқоиса кунем, ҳукумати нав бархӯрди дигар дорад, яъне мавқеи дигар тарафро шунидан намехоҳад”, гуфт Муллоҷонов.

Чаро нооромӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад? (Назари коршиносон)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Ӯ инчунин ба пуршиддат будани муборизаҳои сиёсӣ дар дохили Қирғизистон ишора кард, ки ба андешаи ӯ раҳбарияти кунуниро аз созиш бо Тоҷикистон ба хотири ин ки шояд рақибони сиёсӣ онро “дар хиёнат” айбдор бикунанд, бозмедорад. Ӯ сиёсати тими Жапаровро як “доктринаи фишор” номид, ки ҳадафаш, ба бовари Муллоҷонов “на ҷанг, балки фишори иқтисодӣ ба хотири расидан ба мақсад” аст.

Ӯ аз изҳороти як сол пеши ҳукумати Жапаров ёдовар шуд, ки гуфт, музокироти марзиро аз сифр шурӯъ мекунад ва мувофиқаҳои то ҳол бадастомада дигар аҳамияте надоранд ва ҳамин мавқеъ, ба гуфтааш, бӯҳрони то порсол назоратшавандаву нисбатан боэътидоли марзиро “ба муноқиша кашонд”.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва 519 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст. Дар ин сарҳади сераҳолӣ дар сӣ соли истиқлолият дар заминаи тиҷорату савдо, дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо миёни сокинони деҳоти марзӣ додугурифтҳои наздике ба роҳ монда шуд.

Қувваи ҳарбӣ чун тактикаи музокираҳо?

Лилит Геворгян, муовини раиси шабакаи таҳлилии IHS Markit дар Лондон таҳаввуоти иқтисодиву сиёсии кишварҳои пасошӯравиро меомӯзад. Ба бовари ӯ, бисёр қаламравҳои марзии Иттиҳоди Шӯравии пешин манбаи низоъ буда, дар мисоли Тоҷикистону Қирғизистон “решаи мушкил заминаҳои иқтисодӣ дорад ва масоили таъмини об” калидӣ мебошад. Вале ин навбат, ба андешаи ӯ, “истифодаи нирӯи низомӣ ба ҳайси василаи музокирот як шеваи фарқкунанда аз низоъҳои пешин мебошад.

Истифодаи қувваи ҳарбӣ ба як тактикаи калидии музокираҳо табдил мешавад ва ин чиз як тағйироти бисёр хатарнок аст”, гуфт Геворгян як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ. “Агар яке аз ҷонибҳо эҳсос кунад, ки бартарии низомиву фаннӣ дорад, метавонад ин нирӯро ба кор бурда, воқеиятҳои наве эҷод кунад. Аз ин назар аз ҷониби Қирғизистон харидорӣ кардани ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Туркия мояи ташвиш аст”.

Таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров ба ин бовар аст, ки омодагии низомӣ ба муноқиша дар марзӣ аз пеш ҷараён дошт ва аз сӯи дигар, ба назари ӯ, аҳволи сиёсии тасмимгирандагони аслӣ дар умури марз дар Қирғизистон ҳам метавонист, сабаби сар задани муноқиша бошад. Манзури ӯ зоҳиран интиқодҳои сахт аз Қамчибек Тошиев аст, ки аз музокиракунандагони аслӣ ба ҳисоб меравад.

Рӯзи 26-уми январ дар Қирғизистон фаъолони маданӣ аз президент Содир Жапаров талаб карданд, ки раиси Кумитаи амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев ва вазири умури дохили Улан Ниёзбековро аз мақомҳояшон барканор кунад. Фаъолони маданӣ онҳор ба дахолат ба “ҳаёти шахсии рӯзноманигорону мухолифон” дар мисоли таъқиби журналисти таҳқиқгари коррупсия Болат Темиров айбдор мекунанд.

Ба бовари Қодиров, “Ҷаноби Тошиев вазъи сиёсии он қадар хуб надорад. Вай бо ҳамин роҳ, бо роҳи оростани як ҷангу хархаша дар сарҳад бо Тоҷикистон ният дошт, ки афкори умумро аз қазияи худаш ба дигар тараф ҷалб кунад. Ва бо ҳамин роҳ вазъи сиёсии худро боз беҳтар кунад».

Дар Тоҷикистон чӣ?

Айни чунин андешаро дар робита бо мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳам бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ баён карданд. Аз ҷумла, бархе ҳамсӯҳбатон, ки маҳз бо далелҳои амниятӣ нахостанд, номашон ифшо шавад, мегӯянд, дар Тоҷикистон марҳилаи тағйироти кадрӣ ҷараён дорад ва «овозаҳое ҳаст, ки шояд ба мақомоти ҳифзи қонун ҳам таъсир гузорад.

Чунин хоҳад шуд ё на, маълум нест, вале нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи ноябри соли 2021 дар пайи амалиёти боздошти гумонбаре ба обрӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон осеб расонид». Яке аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯяд, марзи ноором метавонад, «ба хотири манфиатҳои сиёсӣ» мавриди истифодаи «бархе афрод ё гурӯҳҳои иғвогар» шавад.

Бархе дигар коршиносон мегӯянд, таҳаввулот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баёнгари он аст, ки шеваи истифода аз нирӯ ё ба ҷанг кашидани бӯҳрон кори ғайримумкин набудааст ва таҳаввулоти аппрели соли 2021 ва январи сли 2022 «як тамрин ё репетитсияи муноқишаҳои азимтар» буда метавонад.

Афкори миллатгароёна аз ҳарду тараф

Темур Умаров, мушовири илмии Маркази Карнегии Маскав, ки ба омӯзиши таҳаввулоти Осиёи Марказӣ ва Чин машғул аст, низои ахирро «идомаи муноқишаи баҳори порсол» меномад ва мегӯяд, «бахши ҳарбии низоъ хотима дода шуд, вале худи низоъ ҳал нашуд».

Ӯ аз мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар ба раҳбарии президентон Жапаров ва Раҳмон тобистони порсол ёдовар шуд, ки, ба бовари нозирон, дар асл бенатиҷа буд ва аломат дод, ки ихтилофҳо дар оянда ҳам сар хоҳанд зад. Ба андешаи ӯ, созишу муколама дар чунин ҳолат «бисёр сахт аст».

Темур Умаров гуфт: «Барои ҳалли ихтилофҳои марзӣ ҳарду ҷониб бояд ба гузашт омода бошанд. Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бояд чизеро қурбон кунанд. Вале, вақте аз як тарафи шумо миллатгарову популист Содир Жапаров аст, ки бо ҳамин шиорҳои миллатгароёна ҳам ба қудрат даст ёфту аксар тарафдоронаш ҳам ҷонибдори ин идеяҳо мебошанд ва аз тарафи дигар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки замони кораш ба риторикаи миллатгароёна такя кардааст… Раҳмонро ҳоло ҳама «ҳомии тамоми тоҷикони ҷаҳон» меноманд… Аз ин рӯ, вақте аз ду тараф раҳбарон афкори миллатгароёнаро дар сиёсати худ такрор мекунанд, ба созиш ё муомила умедвор шуда намешавад. (Дар сурати гузашт) ин раҳбарон дар чашми мардумашон раҳбарони қавӣ наменамоянд, чун мегӯянд, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош накарданд».

Кафолати такрор нашудани низоъро кӣ медиҳад?

Музокирот ва идомаи муколама, ба андешаи ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, танҳо роҳи ҳалли ин бӯҳрони амиқ мебошад. Профессор Музаффар Олимов, мудири Маркази тадқиқоти минтақавӣ ва муқоисавӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки муколамаҳо бояд аз ин ба баъд фарқ кунад: «Бояд коршиносон аз ҳар ду ҷониб, нафароне, ки аз онҳо вобаста аст қазия, ба як мувофиқа биёянд, вохӯранд, масъалаҳо ба тарзи ҷиддӣ - зина ба зина ҳалли худро пайдо кунад. Ба назари ман, агар сабк ҳамин шакл идома кунад, бадтар мешаваду беҳтар не. Агар дар шакли бисёр ҷиддӣ, бо як иродаи сиёсӣ аз ҳарду тараф нашавад, ин масъала роҳи ҳалл пайдо намекунад».

Ин нуктаро Парвиз Муллоҷонов ҳам чун «хато» ё иллати ҳалношуда мондани бӯҳрон меномад. Ӯ мегӯяд: «Раванди гуфтушунид дар чорчӯбаи бисёр танг пеш меравад. Фақат мансабдоронанд, на коршиносон ва на ҷомеаи маҳаллӣ. Ин як хатои умумӣ аст, аз ҳарду тараф. Лекин дар сар задани низои соли 2021 ман раҳбарияти Қирғизистонро гунаҳкор медонам».

Дар Қирғизистон ҳам бисёриҳо дар миёни ҷомеаи маданӣ тарафдорони ҳалли сулҳомези бӯҳрон дар марз ҳастанд. Гулгаки Мамасалиева, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон бар ин назар аст, ки мақомоти ду кишвар бояд ҳарчӣ зудтар масъаларо ҳал кунанд.

Ӯ рӯзи 28-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аз ин даргириҳо на танҳо шаҳрвандони Қирғизистон, балки тоҷикистониҳо низ азият мекашанд. Ба ин далел, агар мақомоти ду кишвар ғамхори мардуми худ бошанд, бояд зуд масъалаҳои марзиро ҳал кунанд. Ҳоло сокинон мегӯянд, ки бо фарорасии фасли баҳор низоъҳо бар сари манобеи об сар мешаванд. Кӣ кафолат дода метавонад, ки чунин даргириҳо дигар такрор намешаванд?”

Ҳамсӯҳбатони дигар мегӯянд, калиди ҳалли бӯҳрони марз, ки дар сурати доғ шуданаш паёмадҳои васеи минтақавӣ дошта метавонад, танҳо дар дасти ҳамин ду кишвар аст ва таъсиргузорони дигар дар минтақа, мисли Маскав ё Пекин ҳам инро ҳамингуна арзёбӣ мекунанд.

Ба қавли Темур Умаров, президенти Русия «Владимир Путин ба низоъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон чун ба як бемории музмин нигоҳ мекунад ва ҳоло ҳушаш бо масъалаҳои аз ин калонтар мисли мушкили Украина банд аст».

Ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ гуфт, даъвати бесобиқа зуд ва билофосилаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шоми 27-уми январ ба хатми низоъ баёнгари он аст, ки Кремли саргарми Украинаву Ғарб ба ҳеч сурат намехоҳад, ки як минтақаи дигари мавриди нуфузаш доғ шавад.

Бо ин ҳама, ба қавли Лилит Геворгян, «ҳоло фазои пасошӯравӣ ба марҳилаи бесуботӣ ворид шудааст ва як сабабаш ин аст, ки Амрико таммаркузро ба дохилтар ва ё бозигарону чолишҳои берунаи мисли Чин равона кардааст. Ин чиз дар мисоли Осиёи Марказӣ ва берун шудани нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон бештар дида мешавад».

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG