Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ба Аврупои Шарқӣ шумори хурди нирӯҳоро мефиристад


Ҷо Байден, президенти ИМА дар ҷаласае бо ширкати кишварҳои шарик масъалаи Украинаро баррасӣ мекунад
Ҷо Байден, президенти ИМА дар ҷаласае бо ширкати кишварҳои шарик масъалаи Украинаро баррасӣ мекунад

Президент Ҷо Байден гуфт, ки ИМА базудӣ шумори хурди нирӯҳои амрикоиро ба Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои узви НАТО сафарбар мекунад. Сафкашии сад ҳазор сарбози рус дар хати марз бо Украина боиси нигаронии Ғарбу Аврупо аз эҳтимоли ҳуҷуми Русия ба Украина шудааст. Байден, ки рӯзи 28-уми январ баъди аз Филаделфия ба Вашингтон баргаштанаш сӯҳбат мекард, гуфт, ки ирсоли нирӯҳои “начандон зиёд” дар наздиктарин фурсат сурат мегирад. Аз ин пеш Пентагон гуфт, ки шояд шумори нирӯҳо 8500 нафарро ташкил диҳад. Вазири дифои ИМА Ллойд Остин гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин тамоми тавони низомиро дорад, ки алайҳи Украина иқдом кунад ва ҳоло ин масъала ба як қарори сиёсӣ табдил шудааст, ки Маскав сари он андеша дорад. Кремлин дар гузашта ин нигарониҳоро рад карда буд.

Ахиран Русия гуфт, ки посухҳои хаттии фиристодаи мақомоти ИМА ва НАТО-ро ба талаби Маскав дар бораи замонаҳои амниятӣ омӯхта посух хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG