Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир рӯзноманигори ифшогарро ба истеъмоли ҳашиш муттаҳам кард


Норозигӣ аз боздошти Болот Темиров. Бишкек, 23-юми январи 2022
Норозигӣ аз боздошти Болот Темиров. Бишкек, 23-юми январи 2022

Вазири корҳои дохилии Қирғизистон дар пайванд ба қазияи рӯзноманигори таҳқиқотгар ва бунёдгузори саҳифаи Temirov LIVE дар YouTube, Болот Темиров, ки ҳамроҳи ҳамкораш дастгир шуда буд, изҳорот нашр кард.

Улан Ниёзбеков гуфтааст, гуё маълумотеро дарёфт карданд, ки "нафаре бо номи Болот аз 25-уми октябри соли гузашта маводи мухаддир истеъмол мекунад ва ҳамчунин дӯстонашро ба он ташвиқ менамояд".

Ба гуфтаи Ниёзбеков, коргоҳи Тemirov LIVE дар асоси ҳамин маълумот бозҷӯӣ шуда, дар рафти он аз ҷайби Темиров ҳашиш "пайдо шудааст". "Мо бовар надоштем, ки шаҳрванди ба ҷомеа ошнои кишвар ба чунин ҷинояткорӣ даст мезанад. Аммо ин воқеият аст. Ташхисҳои лозимӣ анҷом шуда, тафтишот одилона ва дар доираи қонунгузорӣ анҷом мешавад. Рафти тафтиши парвандаро шахсан таҳти назорат мегирам," -- афзудааст вазир дар изҳороти худ.

Муҳаббат Тайчибек-қизӣ, корманди шабакаи "Темиров Live", фарзияи дигарро мегӯяд: "Чанд афсар, аз ҷумла мардони либоси шаҳрвандӣ ба тан, ба коргоҳ ворид шуданд. Шоҳиди он будам, ки чӣ гуна маводи мухаддир партофтанд. Як моддаи сабзи тира дар дохили халта буд."

Хабарнигор шаби 22-юми январ дар ҷои кор боздошт шуда, тамоми компютерҳои коргоҳ мусодира шуданд. Мақомоти Қирғизистон журналисти таҳқиқотгар Болот Темировро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист рӯзи 23-юми январ озод карданд.

Ӯ боздошташро ба нашри таҳқиқот дар бораи тарҳҳои шубҳаовари содироти мазут аз ҷониби ширкати "Қирғизнефтегаз" пайванд дод. Шабакаи зери раҳбарии ӯ дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Қамчибек Тошиев" оғоз кард.

XS
SM
MD
LG