Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтараш гуфт, Толибон Файзуллоҳ Ҷалолро раҳо кардаанд


Файзуллоҳ Ҷалол

Файзуллоҳ Ҷалол, устоди Донишгоҳи Кобул ва коршиноси сиёсӣ, ки барои танқидҳояш аз ҳукумати Толибон боздошт шуда буд, раҳо шудааст.

Ҳусно Ҷалол, духтари профессор Ҷалол, рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бо падарам суҳбат кардам, эшон аз банди Толибон раҳо шудаанд. Ташаккур аз тамоми дӯстоне, ки дар ин додхоҳӣ бо мо ҳамроҳ буданд. Ташаккур аз мардуми Афғонистон, ташаккур аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаккур аз дӯстони расонаӣ, ки фишор оварданд, то ӯ раҳо шавад.”

Толибон то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд. Вале чаҳор рӯз пеш гуфта буданд, ки Файзуллоҳ Ҷалолро бо иттиҳоми “таҳрик ба зидди низом” дастгир карданд. Профессор Ҷалол моҳи ноябри соли 2021 дар як мубоҳисаи мустақими телевизионӣ дар шабакаи машҳури "Тулуъ" гурӯҳи Толибонро ба инҳисор ё монополияи қудрат ва маҳдуд кардани озодии баён муттаҳам кард.

Тасмими боздошти ӯ вокунишҳои тундеро дар дохил ва беруни Афғонистон барангехт. Гурӯҳе аз занон бо пуштибонӣ аз ӯ дар Кобул эътироз карданд. Фаъолони афғонистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маърака ба роҳ монданд ва созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар боздошти ӯро маҳкум намуданд.

Самиро Ҳамидӣ, фаъоли созмони Афви Байнулмилал дар Осиёи Ҷанубӣ, гуфт, “ӯ ба иттиҳоми истифода аз ҳаққи озодии баён дар баробари боздоштҳои ғайриқонунӣ, маҳдудият барои занон дар Афғонистон ва мавридҳои ҳамсони ин боздошт шуда ва ин кори Толибон ғайриқонунӣ аст”.

Ин профессори Донишгоҳи Кобул дар 20 соли охир ҳукумати Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ, ду президенти мавриди ҳимояти кишварҳои ғарбиро дар Афғонистон низ сахт танқид мекард. Ӯ солҳои дароз аз меҳмони баҳсҳои сершумори телевизионӣ дар Афғонистон буд.

Файзуллоҳ Ҷалол, шавҳари яке аз аввалин номзадҳои зан ба курсии раёсатҷумҳурии Афғонистон Масъуда Ҷалол аст, ки дар соли 2004 бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури пешин рақобат карда буд.

XS
SM
MD
LG