Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибонро барои боздошти профессор Файзулло Ҷалол сахт танқид карданд


Файзулло Ҷалол, устоди ҳуқуқи донишгоҳи Кобул ва коршиноси масоили сиёсӣ
Файзулло Ҷалол, устоди ҳуқуқи донишгоҳи Кобул ва коршиноси масоили сиёсӣ

Гурӯҳи Толибон боздошти Файзулло Ҷалол, устоди ҳуқуқи донишгоҳи Кобул ва коршиноси масоили сиёсиро тасдиқ карданд.

Ӯ аз камтарин афғонистонӣ буд, ки дар дохили Афғонистон ҳукумати Толибонро сахт танқид мекард.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи 9-уми январ дар саҳифааш дар Твитер навиштааст, ки “як инсони мутаасиб бо номи Ҷалол” барои “таҳрики мардум алайҳи низом” боздошт шудааст.

Намояндагони Толибон, ки моҳҳо боз назорат бар Афғонистонро дар даст доранд, барои саркуби дигарандешон танқид мешаванд.

Ҳусно Ҷалол, духтари Файзулло Ҷалол, ки дар берун аз Афғонистон зиндагӣ мекунад, рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки падарашро Толибон аз хона бо худ бурданд.

Ин профессори Донишгоҳи Кобул дар 20 соли ахир ҳукумати Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ, ду президенти мавриди ҳимояти кишварҳои ғарбиро сахт танқид мекард. Ӯ солҳои тӯлонӣ аз меҳмони баҳсҳои сершумори телевизионӣ дар Афғонистон буд.

"Дар бист соли гузашта ва ҳатто пеш аз ин, падарам барои адолат ва волоияти қонун дар Афғонистон мубориза бурда, аз режимҳо ва ҳукуматҳои қаблӣ барои камбудиҳояшон танқид мекард. Пас аз танқиди режими Толибон зиндагии ӯ ба хатар афтод ва таҳти таъқиб қарор гирифт.",-- гуфт Ҳусно Ҷалол, духтари ӯ.

Гурӯҳе аз занон бо ҳимоят аз ӯ дар Кобул эътироз карданд ва садои ӯро садои мардуми Афғонистон хонданд. Фаъолони афғонистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳимоят аз ӯ маърака роҳандозӣ карданд. Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар боздошти ӯро маҳкум карданд.

Патрисия Госсман, масъули Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар умури Осиё дар Твиттер навишт, ки "Толибон мисли дигар режимҳои худкома танқидро барои худ таҳдид медонанд ва мунтақидонро саркуб мекунанд.”

Шариф Ҳасан, хабарнигори New York Times навиштааст, ки "Файзулло Ҷалол дар тӯли ду даҳсола амрикоиҳо, Ғанӣ ва Карзайро сахт интиқод мекард. Аммо ӯро боздошт накарданд. Ӯ танҳо як бор алайҳи Толибон суҳбат кард ва ҳоло пушти панҷара аст."

Профессор Ҷалол моҳи ноябри соли 2021 дар як мубоҳисаи мустақими телевизионӣ дар шабакаи машҳури "Тулуъ" гурӯҳи Толибонро ба инҳисор ё монополияи қудрат ва маҳдуд кардани озодии баён муттаҳам кард.

Ӯ дар ин баҳс гуфт: "Вазъи ҳозираи Кобул дардовар аст. Мардум чизе барои хӯрдан надоранд. Амният чӣ гуна аст? Ҳеч кас чизе гуфта наметавонад."

Оқои Ҷалол Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибонро, ки низ дар ин баҳс ширкат дошт, "гӯсола" номид, ки дар Афғонистон ҳаммаънои "аблаҳ" аст ва таҳқир шумурда мешавад. Ин суханони ӯ баъди он садо дод, ки Наим солим будани Ҷалолро зери суол бурд ва иддао кард, "ӯ коммунист аст".

Навори баҳси Файзулло Ҷалол дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн шуд ва бисёре аз афғонҳо ӯро барои шуҷоаташ ситоиш карданд. Дар як намоиши рамзии ҳамраъйӣ, баъзе аз афғонҳо акси ӯро ба ҷойи тасвири худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд. Аммо ҷонибдорони Толибон ҳам Ҷалол ва ҳам телевизиони “Тулуъ”-ро маҳкум карда, бархе хоҳони муҷозоти профессор шуданд.

Файзуллоҳ Ҷалол, шавҳари яке аз аввалин номзадҳои зан ба курсии раёсатҷумҳурии Афғонистон Масъуда Ҷалол аст, ки дар соли 2004 бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури пешин рақобат карда буд.

XS
SM
MD
LG