Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти профессори "оташнафас". Файзулло Ҷалол дар куҷост?


Файзулло Ҷалол
Файзулло Ҷалол

Намояндагони Толибон, ки моҳҳо боз назорат бар Афғонистонро ба даст дорад, Файзулло Ҷалол, устоди ҳуқуқи донишгоҳи Кобул ва коршиноси масоили сиёсиро боздошт кардааст.

Ҳусно Ҷалол, духтари Файзулло Ҷалол, ки дар берун аз Афғонистон зиндагӣ мекунад, рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Яке аз дӯстони падарам хабари дастгир шудани ӯро ба мо тасдиқ кард. Аввал тавассути расонаҳои иҷтимоӣ хабардор шудам. Як намояндаи Толибон ҳам ин хабарро таъйид кардааст, ки устод феълан пеши онҳост ва таҳқиқ идома дорад."

Дар ҳамин ҳол, як манбаи Толибон рӯзи шанбе ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, оқои Ҷалол барои таҳқиқ дар мавриди иттиҳомҳое, ки ба баъзе аз масъулони Толибон ворид карда буд, фаро хонда шудааст. Ин манбаъ аз зикри номаш худдорӣ кард, зеро иҷоза надошт, ки бо расонаҳо дар ин маврид суҳбат кунад.

Профессор Ҷалол моҳи ноябри соли 2021 дар як мубоҳисаи мустақими телевизионӣ дар шабакаи машҳури "Тулуъ" гуруҳи Толибонро ба инҳисор ё монополияи қудрат ва маҳдуд кардани озодии баён муттаҳам кард.

Ӯ дар ин баҳс гуфт: "Вазъи ҳозираи Кобул дардовар аст. Мардум чизе барои хӯрдан надоранд. Амният чӣ гуна аст? Ҳеч кас чизе гуфта наметавонад."

Оқои Ҷалол Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибонро, ки низ дар ин баҳс ширкат дошт, "гӯсола" номид, ки дар Афғонистон ҳаммаънои "аблаҳ" аст ва таҳқир шумурда мешавад. Ин суханони ӯ баъди он садо дод, ки Наим солим будани Ҷалолро зери суол бурд ва иддао кард, "ӯ коммунист аст".

Навори баҳси Файзулло Ҷалол дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн шуд ва бисёре аз афғонҳо ӯро барои шуҷоаташ ситоиш карданд. Дар як намоиши рамзии ҳамраъйӣ, баъзе аз афғонҳо акси ӯро ба ҷойи тасвири худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд. Аммо ҷонибдорони Толибон ҳам Ҷалол ва ҳам телевизиони “Тулуъ”-ро маҳкум карда, бархе хоҳони муҷозоти профессор шуданд.

XS
SM
MD
LG