Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон боздошти профессори "оташнафас"-ро тасдиқ карданд


Файзулло Ҷалол
Файзулло Ҷалол

Гурӯҳи Толибон боздошти Файзулло Ҷалол, устоди ҳуқуқи донишгоҳи Кобул ва коршиноси масоили сиёсиро тасдиқ карданд.

Ӯ аз камтарин афғонистонӣ буд, ки дар дохили Афғонистон ҳукумати Толибонро сахт танқид мекард.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи 9-уми январ дар саҳифааш дар Твитер навиштааст, ки “як инсони мутаасиб бо номи Ҷалол” барои “таҳрики мардум алайҳи низом” боздошт шудааст.

Намояндагони Толибон, ки моҳҳо боз назорат бар Афғонистонро дар даст доранд, барои саркуби дигарандешон танқид мешаванд.

Ҳусно Ҷалол, духтари Файзулло Ҷалол, ки дар берун аз Афғонистон зиндагӣ мекунад, рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки падарашро Толибон дастгир кардаанд.

Профессор Ҷалол моҳи ноябри соли 2021 дар як мубоҳисаи мустақими телевизионӣ дар шабакаи машҳури "Тулуъ" гуруҳи Толибонро ба инҳисор ё монополияи қудрат ва маҳдуд кардани озодии баён муттаҳам кард.

Ӯ дар ин баҳс гуфт: "Вазъи ҳозираи Кобул дардовар аст. Мардум чизе барои хӯрдан надоранд. Амният чӣ гуна аст? Ҳеч кас чизе гуфта наметавонад."

Оқои Ҷалол Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибонро, ки низ дар ин баҳс ширкат дошт, "гӯсола" номид, ки дар Афғонистон ҳаммаънои "аблаҳ" аст ва таҳқир шумурда мешавад. Ин суханони ӯ баъди он садо дод, ки Наим солим будани Ҷалолро зери суол бурд ва иддао кард, "ӯ коммунист аст".

Навори баҳси Файзулло Ҷалол дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн шуд ва бисёре аз афғонҳо ӯро барои шуҷоаташ ситоиш карданд. Дар як намоиши рамзии ҳамраъйӣ, баъзе аз афғонҳо акси ӯро ба ҷойи тасвири худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд. Аммо ҷонибдорони Толибон ҳам Ҷалол ва ҳам телевизиони “Тулуъ”-ро маҳкум карда, бархе хоҳони муҷозоти профессор шуданд.

XS
SM
MD
LG