Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иллати латукӯб ва марги Мадина Мамадҷоноваро гуфтанд


Маросими видоъ ва дафни Мадина Мамадҷонова. Моҳи декабри 2021
Маросими видоъ ва дафни Мадина Мамадҷонова. Моҳи декабри 2021

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Мадина Мамадҷонова, зани ҷавоне, ки пас аз чаҳор моҳи беҳушӣ дар бемористон даргузашт, "дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд латукӯб ва буғӣ шуда буд".

Мамадҷоноваи 32-сола моҳи декабри соли гузашта фавтид. Дар пайванд ба латукӯб ва марги ӯ Парвиз Давлатов, корманди пешини ширкати "ТТ Мобайл" (Мегафон) ва ҳамсараш Азиза Давлатоваро ба зиндон маҳкум карданд.

Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатова соли 1995 издивоҷ карда, соҳиби ду духтар ҳастанд. Додситонии кул мегӯяд, Мадина Мамадҷонова соли 2020 ба зиндагии онҳо ворид шуд, замоне ки дар ширкати "ТТ Мобайл" (Мегафон) дар Душанбе ба кор даромад. Давлатов он замон сардори раёсати минтақавии "ТТ Мобайл" дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ будааст.

Бино ба иттилои додситонӣ, Азиза Давлатова баъди огоҳӣ аз муомилаи шавҳараш бо Мадина Мамадҷонова, кӯшиш кардааст, "оилаи худро наҷот диҳад", вале ҳар дафъа "таҳқиру азобу уқубат" дидааст. Муфаттишон гуфтаанд, ӯ се дафъа – ду бор дар Тоҷикистон ва як бор дар Русия – кӯшиши худкушӣ намуд, аммо духтараш наҷот дод.

"Парвиз Давлатов солҳои 2020-2021 дар як вақт бо Давлатова А.Т. ва Мамадҷонова М.А. хоҷагии умумӣ пеш бурда, номбурдагонро аз чунин муносибати худ огоҳ карда, дар як вазъияти носолим нигоҳ дошта, мунтазам азобу уқубати рӯҳӣ додааст," – гуфтанд дар Додситонии кул.

Ин дар ҳолест, ки қаблан падари Парвиз Давлатов -- Давлаталӣ Давлатзода, муовини собиқи раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакили пешини порлумон -- гуфта буд, ки писараш гуноҳ надорад ва арӯси хонавода, Азиза Давлатова, бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад.

Додситонии кул мегӯяд, баҳси ҷонибҳо моҳи майи соли 2021, баъди он ба авҷи худ расид, ки Парвиз Давлатов бо Мадина Мамадҷонова никоҳи мусулмонӣ баста, ваъда додааст, аз ҳамсараш Азиза Давлатова ҷудо мешавад. "Давлятова А.Т. 25-уми августи соли 2021 ба муомилаи бераҳмона ва пастзании шаъну эътибораш тоб наоварда, шаҳрванд Мамадҷонова М.А-ро бо автомашинаи шахсиаш ба киллометри 38-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бурда, латукӯб ва буғӣ карда, қасди куштани ӯро кардааст," – омадааст дар баёнияи Додситонии кул.

Азиза Давлатова, наздикон ва вакили мудофеаш дар ин бора ҳеч вақт гап назадаанд.

Қазияи шиканҷаи Мадина Мамадҷонова пас аз он сарусадои зиёдро ба миён овард, ки гумонбарони ҳодиса дар оғоз бар асоси қонуни афв пурра аз ҷавобгарӣ озод карда шуданд. Танҳо пас аз муроҷиат ва пофишории фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мақомот, додситонӣ таҳқиқи ҳодисаро аз сар гирифт ва зану шавҳарро бо гумони азияти Мадина Муҳаммадҷонова дастгир зиндонӣ кард.

Ин қазия боиси барканории Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали додситонӣ ва Зафар Исмоилзода, сардори ШВКД-2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуд. Вале ин пурсиш бо вуҷуди борҳо садо додан бепосух мондааст, ки чаро мақомот дар иҷрои вазифаҳои худ саҳлангорӣ кардаанд; ба чӣ далел дар оғоз парванда кушода нашуд ва гумонбарон афв карда шуданд ва дигарбора дастгиру ба зиндон маҳкум гардиданд?

XS
SM
MD
LG