Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Давлатов ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст. ВИДЕО


Парвиз Давлатов то замони боздошт як раҳбари собиқи ширкати “Мегафон”-и Тоҷикистон буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Парвиз (Лутфулло) Давлатов, як раҳбари собиқи ширкати “Мегафон”-и Тоҷикистонро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст, вале бар асоси қонуни афв муҳлати ҳукми ӯ ба панҷ солу ду моҳи зиндон баробар шудааст.

Пайвандони Мадина Мамадҷонова, зане, ки бар асоси қазияи ӯ муҳокима сурат гирифтааст, хабар доданд, ки ҳукми Парвиз Давлатов бегоҳи рӯзи 14-уми декабр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе содир шудааст. Баррасии парвандаи Азиза Давлатова, ҳамсари ӯ ҳанӯз ба итмом нарасидааст.

"Модари Мадина аз ҳукм розӣ аст"

Нигина Мамадҷонова, фаъоли ҷамъиятӣ, ки бо модари Мадина дар тамос аст, рӯзи 14-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, парванда одилона таҳқиқ шудааст. Ин фаъоли ҷамъиятӣ гуфт, модари Мадина аз ҳукм розӣ аст.

Пайвандони Парвиз (Лутфулло) Давлатов ба тамосҳои батакрорӣ Радиои Озодӣ посух надоданд ва ҳоло назарашон дар мавриди ҳукм маълум нест.

Нигина Мамадҷонова, ки бори аввал дар бораи қазияи Мадина дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, дар вокуниш ба ҳукми 5 солу 2 моҳи зиндони Парвиз (Лутфулло) Давлатов гуфт, ӯ аз ҳукми додгоҳ розӣ аст. “Ман ҳамчун як намояндаи ҷомеа бо ҳукм розӣ ҳастам. Вале маро як масъала ташвиш медиҳад, ки чаро ин шахс барои хунукназарии худ ҷазо нагирифт? Чаро барои он ки сари вақт ёрӣ нарасониданд, ҷазо нагирифт? Ин фикри шахсии ман аст. Агар Давлатов Мадинаро баъди латукӯб шуданаш пайдо кард, чаро ӯро саривақт ба духтур набурданд, чаро саривақт ба ӯ ёрӣ нарасониданд? Чаро саривақт полис даъват нашуд? Яъне онҳо ба милитсия чаро хабар надоданд? Ин саволҳои ман беҷавоб мемонад. Умедворам, ки ман ва ҷомеа баъди хатми додгоҳ ба саволҳои худ посух мегирем. Вале ҳоло ин савол барои ман беҷавоб мемонад. Ман бо ин чиз чандон розӣ нестам”,--гуфт ӯ.

Парвиз Давлатов ба "дузанагӣ", додани "азобу уқубат" ва "ба худкушӣ расонидан" айбдор мешуд.

Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатова, ҳамсари ӯ дар иртибот ба парвандаи пурсарусади Мадина Мамадҷонова боздошт шуда буданд.

Охири моҳи август Мадинаро дар ҳоли кома ба беморхона интиқол доданд ва ҳанӯз ӯ дар беморхона бистарист. Аз ӯ ҳамсари дуюми Парвиз ном бурданд ва мақомот гуфт, ки Азиза Давлатова, ҳамсари аввали Давлтов ӯро ба чунин ҳол овардааст.

Табиб: Аҳволи Мадина беҳтар шудааст

Бо гузашти беш аз се моҳ, табибон аз беҳбудии вазъи Мадина Мамадҷонова, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Табибон мегӯянд, вазъи Мадина беҳбуд ёфт. Падараш бовар надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Ин зан, ки дар пай як муноқишаи оилавӣ латукуб шудааст, 26-уми август дар ҳолати беҳушӣ ба табибони беморхонаи "Қарияи боло" дастрас шуд. Бештар майнаи сараш осеб дидааст.

Асад Нуров, табиби беморхонаи "Қарияи боло", рӯзи 13-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Мадина пурра аз ҳолати кома ё беҳушӣ набаромадааст, вале дар ҳоли баромадан аз чунин вазъ буда, тақрибан 20 рӯз пеш чашмонашро боз карда, аз чашмонаш об меравад.

"Шуморо бо чашмонаш қабулу гусел мекунад, гапро мефаҳмад, овоз мебарорад, ҳарчанд суханҳояш нофаҳмост, ҳоло ҳарораташ мӯътадил аст. Пештар ҳеҷ гуна аксуламал дида намешуд, ҳоло вазъи бемор нисбати рӯзҳои пеш хеле хуб гаштааст, новобаста аз он ки супоришҳоро иҷро накунад ҳам, аз ҳолати коматозӣ қариб баромадааст. Дар статуси вегетивӣ қарор дорад. Чунин пешравиҳо моро хурсанд кард",--афзуд, табиб Асад Нуров.

Чунин дигаргунӣ, ба қавли ин табиб, умедҳоро барои беҳтар шудани саломатии Мадина бештар кардааст, вале ӯ таъкид намуд, ки феълан пешгӯӣ карда наметавонад, ки бемор кай пурра аз ҳолати кома мебарояд, зеро барои ин вақт лозим аст.

Падари Мадина бовар надорад

Суҳбати табибон аз беҳбудии вазъи саломатиии Мадина дар ҳолест, ки баъзе наздиконаш бар ин чандон бовар надоранд.

Амон Қаробоев, падари Мадина, ки феълан дар Русия қарор дорад, 14-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол касе аз табибон ё наздиконаш ба ӯ дар бораи беҳбудии саломатии духтараш хабар нарасонидаанд.

"Ман нашунидам, ки вазъи духтарам беҳтар шуда бошад. Ба ман чунин маълумот нарасидааст. Фикр мекунам, ки агар аҳволаш хуб мешуд, ба ман инро мерасонданд, зеро ман ҳафтае ду – се маротиба аз нафарони боваринокам аз аҳволаш бохабар мешавам ва онҳо бевосита аз модари Мадина мепурсанд. Ман ба он нафарон бовар дорам",--таъкид кард Амон Қаробоев.

Рӯзи 13-уми декабр дар "Қарияи боло" ба мо иҷоза надоданд, то бубинем Мадина дар чӣ ҳол қарор дорад. Дар ин беморхона таъкид карданд, ки модари ӯ намехоҳад акси духтараш расонаӣ шавад. Падари Мадинан низ мехоҳад ба ин пурсиш посух ёбад, ки агар вазъи духтараш воқен беҳтар шудааст, пас чаро ба хабарнигорон иҷозаи вуруд ба назди ӯро намедиҳанд?

Миёнаҳои моҳи ноябр, Додситонии кули Тоҷикистон баррасии парвандаи омилони шиканҷаи Мадинаро ба анҷом расонида, ба додгоҳ ирсол намуд.

Мурофиа пушти дарҳои баста

Рӯзи 14-уми декабр дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мурофиаҳои додгоҳии омилон шиканҷаи Мадина ҷараён дорад, вале аз додани маълумоти бештар худдорӣ карданд.

Мурофиа пушти дарҳои баста ҷараён дошт.

Қазияи Мадина, ки зоҳиран қасосгирии ҳамсар аз маъшуқаи шавҳар буд, танҳо баъд аз баҳс ва муроҷиати фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷӯҳи мақомот гардид. Нисбат ба Азиза Давлатова бар асоси моддаи “сӯиқасд ба куштор” ва аллайҳи ҳамсараш аз рӯи моддаҳои “азобу уқубат”, “дузанагӣ” ва “ба худкушӣ расонидан” парванда боз шуда буд. Мояи асосии хашму норозигии ҷомеаи шаҳрвандӣ ин шуд, ки муфаттишон даҳ рӯз баъди фоҷеа ба наздикони Маҳмадҷонова гуфтаанд, гумонбари асосӣ, Азиза Давлатова, “афв шудааст” ва ин қазия таҳқиқ нахоҳад шуд.

Дар пай вокунишҳои зиёд ва дахолати шаҳрдори Душанбе ба ин қазия , Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Зафар Исмоилзода, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аз мақомашон барканор шуданд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG