Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди гирифторони COVID дар ҷаҳон аз 300 миллион гузашт


Австралия. Маркази ташхиси коронавирус. 5-уми январи 2022
Австралия. Маркази ташхиси коронавирус. 5-уми январи 2022

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, шумори гирифторони бемории коронавирус дар ҷаҳон рӯзи 7-уми январ аз марзи 300 миллион гузашт.

Ин маълумотро бар пояи омори расмии кишварҳо таҳия кардаанд. Бино бар ин, гумон меравад, ки теъдоди мубталоён чанд баробар бештар аз омори расмӣ аст.

Омикрон, навъи ҷаҳишёфтаи вируси корона, сабаби мубтало шудани шумори зиёди одамон ба COVID-19 дар даҳҳо кишвар шудааст.

Тибқи омори расмӣ, то кунун беш аз панҷуним миллион кас дар саросари ҷаҳон бар асари вируси корона ҷон бохтаанд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ маргу мири одамонро аз ин беморӣ ду ё се маротиба бештар аз ин тахмин мекунад.

XS
SM
MD
LG