Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, Амрико аз Украина пуштибонӣ мекунад


Ҷо Байден ва Владимир Зеленский
Ҷо Байден ва Владимир Зеленский

Ҷо Байден, президенти Амрико, рӯзи 2-юми январ дар суҳбати телефонӣ ба раиси ҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, итминон дод, ки дар муқобили таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марз бо Украина, аз ин кишвар пуштибонӣ хоҳад кард.

Ба қавли Байден, агар Русия ба таҷовузи хоки Украина идома диҳад, бо ҷавоби қотеонаи Иёлоти Муттаҳида ва муттафиқонаш дучор хоҳад шуд.

Ӯ афзуд, Иёлоти Муттаҳида аз соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии Украина дастгирӣ мекунад.

Сухангӯи Қасри Сафед Ҷен Псакӣ мегӯяд, Байден ва Зеленский аз кӯшишҳои дипломатӣ барои ҳалли ин буҳрон, ки ҳафтаи оянда оғоз хоҳанд ёфт, пуштибонӣ мекунанд.

Ин суҳбати дуюми Байден ва Зеленский дар се ҳафтаи гузашта буд. Ҳафтае пеш дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раҳбари Русия, президенти Амрико иброз дошт, ки агар Маскав ба хоки Украина таҷовуз кунад, бо таҳримҳои ҷиддии Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш рӯ ба рӯ мешавад.

XS
SM
MD
LG