Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаҳои марзиро якҷоя таҳқиқ мекунанд


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон.

Бо ҳадафи ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ ҳокими ноҳияи Бодканди Қирғизистон Учкунбек Жоробоев бо раиси ноҳияи Исфараи Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода мулоқот кард.

"Мо ба созиш расидем, он ҳодисаҳоеро якҷоя таҳқиқ кунем, ки ба сӯи нақлиёт санг партофта мешавад. Ба ҷуз ин, созиш ҳосил кардем, ки барои пешгирӣ аз шиддат гирифтани вазъ дар арафаи ҷашнҳои солинавӣ якҷоя чораҷӯӣ кунем. Барои амалӣ кардани ин созишҳо кормандони пулиси ду кишвар фаъолияти якҷоя мебаранд", - гуфт Учкунбек Жоробоев.

Мақомоти қирғиз хабар доданд, ки рӯзи 26-уми декабр назорати марз бо Тоҷикистонро пурзӯр кардаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар хабарномае гуфтааст, ки рӯзи 25-уми декабр марзбонони тоҷик дар мавзеи баҳсии марз миномёт гузоштаанд ва дар рӯ ба рӯи деҳаи Дамба ва Мақсад ҳузури бештари низомиёни тоҷик мушоҳида шудааст.

Мақомоти тоҷик ба ин иддаои ҷониби Қирғизистон вокуниш накардааст, вале рӯзи 24-уми декабр Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистонро дар "амалҳои иғвоангезона" муттаҳам карда буд.

Мақомоти қирғиз ҳамчунин гуфтаанд, ки гӯё рӯзи 25-уми декабр шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳи Ош-Бодканд-Исфана ба мошини шаҳрванди Қирғизистон санг задаанд ва барои ин марзбонони қирғиз се тири огоҳкунада парондаанд. Назари мақомоти тоҷик ба ин ҳарф низ маълум нест. Маъмулан, мақомоти тоҷик бо таъхир дар бораи муноқишаҳои сарҳадӣ хабар нашр мекунанд.

Аммо дар як изҳороти дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки 24-уми декабр дар вебсайти сомонаи расмии “Ховар” нашр шуда буд, гуфта мешавад, ки "вақтҳои охир ҳодисаҳои амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон бештар ба мушоҳида расида, боиси бад шудани вазъ дар сарҳад мегарданд". Дар ин изҳорот аз се ҳодисае ёдоварӣ шудааст, ки рӯзи 22-юми декабр дар ду нақтаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, рӯзи 22-юми декабр чор марзбони мусаллаҳи қирғиз аз тариқи ноҳияи Лахш вориди Тоҷикистон шудаанд ва онҳоро боздошт намуда, бар асоси созишнома ба ватанашон пас фиристоданд.

Санҷидани дурустии ин хабар имкон надорад ва ҷониби Қирғизистон ҳам дар ин замина то ҳол чизе нагуфтааст. Дар ҳодисаи дуюм, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, КАМАЗ-и мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон марзро убур карда, талоши “пахш” кардани марзбони тоҷик "бо суръати баланд"-ро доштааст.

Ҳодисаи сеюм шаби 22 декабр рух додааст. КДАМ-и Тоҷикистон хабар дод, ки шаб дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба манзили як шаҳрванди Тоҷикистон тирандозӣ карданд.

Қирғизистон аз ин се хабар танҳо ба ҳодисаи деҳаи Сомониён посух дод. Мақомоти қирғиз гуфтаанд, он шаб садоро шунидаанд, вале он ба садои "хлопушка" монанд буд.

Ҳодисаи ҷанҷолу муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон пайваста мушоҳида мешавад. Мақомоти ду кишвар ҳамдигарро дар сар задани онҳо муттаҳам мекунанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар охирин низоъ, ки рӯзҳои 28 апрел то 1 майи соли ҷорӣ рух дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб бештар аз 200 кас маҷруҳ гардид. Ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.

XS
SM
MD
LG