Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Украина гуфт, русҳо марзро тарк накарданд


Владимир Зеленский, президенти Украина
Владимир Зеленский, президенти Украина

Президенти Украина бо як гурӯҳ вакилони Сенат ва Конгрес аз Ҳизби демократии ИМА суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Ба навиштаи сомонаи президент, Владимир Зеленский бо онҳо мавзуи ҳузури низомиёни рус дар марзи Украина ва вазъияти Донбасро баҳс кард.

Дар Донбас аз соли 2014 ба ин сӯ ҷудоиталабони рӯ ба Русия бо низомиёни Украина ҷанг мекунанд.

Зеленский гуфт, ки саҳми ИМА-ро дар ҳал кардани низоъ дар хоки Украина муҳим медонад.

Ӯ гуфт, ҳанӯз низомиён рус аз марзҳои Украина берун нашудаанд.

ИМА ва кишварҳои ғарбӣ бар ин назаранд, ки Русия қасди ҳамла ба Украинаро дорад. Ба иттилои Хадамоти кашфи ИМА, дар наздикии марзи Украина 100 ҳазор низомии рус ҷойгир шудааст.

Мақомоти рус хабари ҳамла ба хоки Украинаро нодуруст медонанд ва мегӯянд, чунин ният надоранд.

XS
SM
MD
LG