Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон узви як ҳизби дунявӣ ва номзади интихоботӣ кушта шуд


Як маҳаллае дар вилояти Хайбр Патунхва
Як маҳаллае дар вилояти Хайбр Патунхва

Дар Покистон дар минтақаи шимолуғарбии Хайбар Пахтунхва як номзад ба интихоботи маҳаллӣ кушта шуд. Полис гуфт, ки Умар Хитоб Шеронӣ шаби 17 ба 18-уми декабр аз ҷониби ду марди мотосиклсавор дар ноҳияи Дараи Исмоилхон кушта шуд. Шеронӣ узви як ҳизби дунявии “Ҳизби миллии авом” ва барои курсии раиси ноҳияи Дараи Исмоилхон дар интихоботи 19 декабр номзад буд. Як узви ҳизби авом ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади Шеронӣ субҳи 18 декабр дар назди манзилаш ошкор шуд. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин кушторро ба ӯҳда нагирифтааст, полис гуфт, ки таҳқиқро шурӯъ кардааст. Аъзои ҳизби авом ҷасади Шерониро дар маркази ноҳия гузошта алайҳи куштори ӯ эътироз карданд. Интихоботи маҳаллӣ дар 17 ноҳияи вилояти Хайбар Пахтунхва рӯзи 19 декабр ва дар 18 ноҳияи боқимондааш рӯзи 18-уми январ барпо мешавад. Барои узвият дар шӯроҳои маҳаллӣ 35 ҳазор нафар рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG