Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои кӯчиҳо бо ташаббуси Қирғизистон ба рӯхати ЮНЕСКО шомил шуд


Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо бо ташаббуси Қирғизистон ба рӯйхати беҳтарин таҷрибаҳои ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ шомил карда шуд.

Ин тасмим 16-уми декабр дар ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО, ки дар қароргоҳи созмон дар шаҳри Фаронса баргузор гашт, гирифта шудааст.

Ҷамъан дар соли равон аз сӯи кишварҳои ҷаҳон 59 пешниҳод барои шомил кардан ба рӯйхати ЮНЕСКО баррасӣ шудааст.

Бозиҳои мазкур бо ташаббуси Қирғизистон аз соли 2014 ба ин сӯ баргузор мешавад. Даври аввал ва дувуми бозиҳо солҳои 2016 ва 2018 дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор шуда буданд. Туркия соли 2018 ҳаққи баргузории бозиҳоро дарёфт карда буд.

XS
SM
MD
LG