Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як сокини Суғд дар садамаи нақлиётӣ. Усто Устопириён ба "беэҳтиётӣ" муттаҳам мешавад


Маҳаллае, ки садамаи нақлиётӣ рух додааст.
Маҳаллае, ки садамаи нақлиётӣ рух додааст.

Мақомот Усто Устопиров, падари паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириёнро дар як садамаи нақлиётӣ, ки бар асари он сокини 50-солаи Суғд ҳалок шудааст, гумонбар медонанд.

Ҳодиса шоми 10-уми декабр дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рух додааст ва ба гуфтаи мақомот, Усто Устопиров, ронандаи мошини "КИА СПОРТЕҶ" аз "беэҳтиётӣ" ин сокини Хуҷандро зер кардааст.

Дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Усто Устопиров пиёдагард Баҳром Ҳоҷиеви 50-соларо, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш кард. Ба гуфтаи мақомот, "дар натиҷа пиёдагард аз захмҳои бардоштааш вафот кардааст".
Дар роҳе, ки садама рух додааст, аломати роҳи пиёдагард дида намешавад ва маълум нест, ки Баҳром Ҳоҷиев чаро аз ин қисмати роҳ убур кардааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми декабр бо наздикони Комроншоҳ Устопириён дар манзили зисти шахси фавтида вохӯрд. Онҳо нахостанд дар навор суҳбат кунад. Ин замоне буд, ки онҳо ба хонаводаи шахси фавтида кӯмаки молӣ расониданд.

Баҳодур Ҳоҷиев, писари Баҳром Ҳоҷиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки он шом интизори бозгашти падараш аз кор буданд.

Ӯ дар корхонаи “Само” ба ҳайси устои василаҳои барқрасонӣ кор мекардааст.

Ин хонавода ҳоло барои марги падараш ҷуброн талаб доранд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ натавонист бо Усто Устопиров суҳбат кунанд. Наздиконаш гуфтанд, ки “вазъи саломатиаш хуб нест”.

Дар робита ба ин садама санҷишро муфаттишони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ пеш мебаранд. Усто Устопириён бо модаи 212, яъне "вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт" муттаҳам мешавад.

Усто Устопиров, падари варзишгарони номӣ Комроншоҳ Устопириён ва Фаридун Устопириён ва устоди шинохтаи варзиши гуштӣ дар Тоҷикистон аст. Вай дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд мактабҳои варзишӣ дорад ва ба даҳҳо ҷавон ҳамроҳи писаронаш намудҳои варзиши гуштиро меомӯзонад.

XS
SM
MD
LG