Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи СММ дар Тоҷикистон истисмори одамонро меомӯзад


Сафари як гузоришгари вижаи Созмони Милал дар Тоҷикистон идома дорад, ки ҳадафаш маълум кардани самараи мубориза бо қочоқи инсон ва аз ҷумла истисмори муҳоҷирони кории тоҷик аст.

Сиобҳан Мюлалу, ки рӯзи 8-уми декабр ба Душанбе омад, то 15-уми декабр бо мақомоти расмӣ ва намояндагони ҷомеаи маданӣ дар бораи талошҳои Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқу истисмори инсон гуфтугӯ мекунад.

Ӯ қабл аз сафараш дар баёнияе гуфт, "нигаронии бахусус аз хатари қочоқ шудани паноҳҷӯёну фирориён, муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳост."

Тобистони имсол Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, бо вуҷуди саъю кӯшишҳои афзояндаи ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсон, талошҳои кишвар дар ин замина ба меъёрҳои ҳадди ақалли байнулмилалӣ мутобиқ нест.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон дар соли 2020 даҳ парванда бо ширкати 21 муттаҳам ба қочоқи инсонро баррасӣ кардаанд, ки назар ба соли 2019 бештар аст. Дар умум соли гузашта 26 нафар барои истисмор ва ё қочоқи занону духтарон ба хориҷ ҷазо гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG