Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шарқи Туркманистон "буҷавиҳо"-ро иҷборан пулакӣ эм мекунанд


Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон кормандони муассисаҳои давлатиро маҷбур мекунанд, ки аз ҳисоби худ ваксинаи зидди КОВИД-19-ро бигиранд. Ҳамчунин мақомоти ин вилоят барои оғози эмкунии дубораи сокинон аз рӯзҳои аввали соли оянда омодагӣ мебинанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Лебап, имрӯзҳо кормандони муассисаҳои давлатӣ дар шаҳри Туркманобод дастаҷамъона зидди зуком эм карда мешаванд.

Кормандонро маҷбур мекунанд, ки барои ваксинаи русии "Ултрикс" зидди зуком 21-манатӣ пардозанд. Дар ширкати "Гёк гушак" аз кормандон барои ҳар як воя ваксина 25-манатӣ ҷамъ кардаанд.

"Кормандони ҳамаи муассисаҳои давлатиро маҷбур мекунанд, ки эм шаванд. Аз онҳо аввал пулро ҷамъ мекунанд, баъд ваксинаро мегузаронанд. Пули ваксинаро нақд мегиранд", - иттилоъ дод хабарнигори радио 7 декабр.

XS
SM
MD
LG