Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадрафторӣ, таҷовуз ва безурётсозии занон. Гузориш аз урдугоҳҳо дар Чин. ВИДЕО


Як урдугоҳҳои тарбиявӣ дар Чин
Як урдугоҳҳои тарбиявӣ дар Чин

Аз вуҷуди урдугоҳҳои тарбиявӣ дар Чин ҷаҳониён бори аввал дар соли 2017 хабар ёфтанд. Ба иттилои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ба ин муассисаҳо асосан аққалиятҳои мазҳабӣ, уйғӯрҳо, қазоқҳо ва қирғизҳоро мефиристанд. Бандиёни собиқи урдугоҳҳо қиссаҳои тарснокеро нақл мекунанд, аз ҷумла дар бораи бадрафториҳои пайваста, таҷовузи ҷинсӣ ва безурёт кардани бандиён.

Мақомоти расмии Чин тамоми ин иддаоҳоро беасос меноманд ва мегӯянд, урдугоҳҳо на зиндон, балки марказҳои таълимӣ ва ихтисосомӯзӣ ҳастанд. Ҳамаи ин муассисаҳои тарбиявӣ дар Вилояти Шинҷон-Уйғури Чин ҳастанд ва барои 1 миллион нафар пешбинӣ шудаанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Зиёрат аз "урдугоҳҳои тарбиявӣ"-и Шинҷони Чин, ки дар харита нестанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Соли 2017 Базфиднюс, як расонаи интернетӣ харитаи ин урдугоҳҳоро таҳия карда ва гуфт, шумораи онҳо бештар аз 260 адад аст. Баъзе аз ин урдугоҳҳоро, як блоггери чинӣ пинҳонӣ сабт кардааст. Ин блоггер бо номи мустаори Гуангуан мегӯяд: “Хабарнигорони хориҷӣ ба Шинҷон ба осонӣ роҳ намеёбанд. Барои ҳамин гуфтам, ки чаро ман наравам."

Блоггер, бо баҳонаи сайёҳӣ, сафарашро аз шаҳри Хамӣ оғоз кардааст. Вай дар инҷо гӯё раҳгум зада ва аз назди урдугоҳ бо мошин гузашта ва сабт кардааст. Урдугоҳ бинои дарози симхоркашида аст ва дар даромадгоҳаш Шуъбаи 13-уми боздоштгоҳ навишта шудааст. Ин биноҳо дар нақшаҳои роҳнамоҳои чинӣ вуҷуд надоранд. Нуқтаи баъдии саёҳат, ноҳияи қазоқнишини Хамӣ будааст ва блоггери чинӣ дар инҷо ду бинои шабеҳи урдугоҳҳои тарбиявиро пайдо кардааст. Яке маркази таълими ихтисос, дуввумӣ боздоштгоҳ.

Яке аз ин биноҳоро аз дурӣ сабт кардааст, ки деворҳои баланд ва манораҳои назоратӣ дорад. Ӯ аз наздик омадан ба ин бино тарсидааст.“Фикр кардам, ки инҷо ҷойи хубе барои наворбардорӣ аст, вале баъдан фаҳмидам, ки агар наздик равам дар замини холӣ маро ба осонӣ мебинанд.",--гуфтааст ӯ.

Блоггер дар шаҳри Урумчӣ чанд урдугоҳи эҳтимолиро пайдо кардааст, аз ҷумла як урдугоҳи азимро. Роҳи васеъе, ки ба инҷо мебарад, дар раҳнамоҳои чинӣ аслан вуҷуд надорад. Дар канори ин роҳ бинои шабеҳи зиндон аст, ки 1 километр тӯл дорад. Деворҳояш 8 метрианд, посгоҳҳои пулис ва манораҳои назоратӣ дида мешавад. Маънии яке аз шиорҳои девор, “ислоҳ аз роҳи кор” мебошад.

Барои дидани яке дигар аз урдугоҳҳо, блоггери чинӣ, ба баландии як боғе баромадааст, ки аз онҷо биноҳои урдугоҳ намоён ҳастанд. Дар деворҳо камераҳои назоратӣ насб шудаанд, касеро дар дохил намебинед.

“Дар бомҳои биноҳо, панҷараҳои рӯшноигузар ҳаст ва шояд бандиёнро фақат барои ҳавохӯрӣ ҳамонҷо мебароранд.”,--гуфт ӯ.

Дар ноҳияи Дабанчен ба навиштаи хабаргузории “Асосиэйтед Пресс” бузургтарин урдӯгоҳ дар Чин ва шояд дар ҷаҳон ҷойгир аст. Дар ин урдугоҳ то 10 ҳазор нафар ҷойгир мешаванд. Ҳеч имкон надорад, ки блоггери чинӣ худро дар инҷо сайёҳи раҳгумзада вонамуд кунад.

Блоггер гуфтааст, ки "ҳеч ҷое пинҳон шуда наметавонед, барои ҳамин аз баландӣ навор гирифтам. Тарсидам, ки аз ҷой хезам маро мебинанд."

Гуангуан дар ҷое урдугоҳи наву холиеро пайдо кардааст. Онро дар ҳамсоягии "Маркази тарбиявӣ" сохтаанд. Блоггер аз тарс ба он наздик нашудааст. Дар умум Гуангуан 8 шаҳри Шинҷонро гашта ва 18 урдугоҳи тарбиявӣ ёфтааст. Азбаски блоггер худашро ҳам дар видео нишон медиҳад, корбарон аз амният ва бархурди мақомоти Чин бо ӯ нигарон шудаанд.

XS
SM
MD
LG