Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лондон баррасии таъқибҳои сокинони Шинҷон шуруъ шуд


Ғарб рафтори Чинро дар Шинҷон "наслкушӣ", вале Пекин "мубориза бо тундгароӣ" медонад
Ғарб рафтори Чинро дар Шинҷон "наслкушӣ", вале Пекин "мубориза бо тундгароӣ" медонад

Дар шаҳри Лондони Бритониё баррасии дувуми парвандаи таъқиби уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва ақаллиятҳои дигари миллӣ дар минтақаи Шинҷони Чин шуруъ шуд.

Баррасии нахустин моҳи июн баргузор шуда буд.

Баррасии додгоҳӣ, ки расонаҳои байнулмилалӣ онро "минбари уйғурҳо" меноманд, далелҳои таъқиби мусалмонҳои Чинро меомӯзад ва ба рафтори Пекин дар асоси Конвесияи наслкушӣ баҳо медиҳад.

Кумисюни таҳти роҳбарии ҳуқуқшиноси бритониёӣ Ҷеффрӣ Найс давоми се рӯз шоҳидон, олимон ва коршиносонро гӯш мекунад.

Пештар хабар расида буд, се қазоқ низ дар назди Кумисюн шоҳидӣ медиҳанд, ки дар урдугоҳҳои Шинҷон нигаҳдорӣ шуда буданд.

Ба иттилои расонаҳо, ин додгоҳ қувваи қонунӣ надорад, аммо созмондиҳандагон умед доранд, баррасии парванда ба сиёсатҳои Чин дар мавриди таъқиби мусалмонҳои Шинҷон баҳо хоҳад дод.

Ҷеффрӣ Найс гуфт, мансабдорони Чинро борҳо ба ин додгоҳ даъват карданд, аммо аз он ҷониб посухе наомадааст.

Ҳукумати Чин пештар аз кори Кумисюнни Лондон танқид карда буд.

Созмонҳои байналхалқӣ ва муҳаққиқон мегӯянд, дар Чин чанд сол боз таъқиби мусулмонҳо идома дорад. Мақомоти Чин мусулмонҳои Шинҷонро ба "урдугоҳҳои бозтарбия" ва зиндон мефиристанд. Онҳоро ба кори иҷборӣ фаро мегиранд ва занҳоро ба таври сунъӣ безурёт мекунанд.

Амрико, Канада ва Бритониё ин рафтори Чинро дар Шинҷон "наслкушӣ" номидаанд. Пекин айбҳои мазкурро рад карда, амалҳояшро дар Шинҷон "масъалаи дохилӣ" ва "мубориза бо тундгароӣ" медонад.

XS
SM
MD
LG