Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Associated Press: Сокинони Шинҷонро "ба хӯрдани доруи ношинос" маҷбур мекунанд


Шинҷон. Акс аз моҳи майи 2019

Оҷонси Associated Press (Ассошиэйтед Пресс) дар гузорише гуфт, дар вилояти Шинҷони Чин, ки беш аз нисфи аҳолиаш мусулмони туркзабон ҳастанд, мақомот ҳамчун бахше аз чораҳои ҳатмии давраи коронавирус онҳоро ба хӯрдани доруи "ношинос" маҷбур мекунанд.

Хабаргузорӣ рӯзи 31-уми август ба нақл аз сокинони Шинҷон навишт, "мақомот сокинонро дар хонаҳояшон маҳкам мекунанд, ба карантини беш аз чиҳилрӯза мефиристанд ва онҳоеро, ки ба қоидаҳо итоат намекунанд, ба ҳабс мегиранд."

Як зани уйғур баъд аз адои давраи ҳабс гуфтааст, ҳамроҳ бо занони дигар ҳамеша маҷбур буд доруи "ношинос"-ро истеъмол кунад. "Ҳафтае як бор нозирон ба утоқ ворид шуда, талаб мекарданд, ки занҳо урён истанд ва сарҳои худро бипӯшанд. Аз лӯлае бо кадом маводи ношинос дору мепошиданд", -- афзудааст ӯ.

Бар асоси шаҳодати се сокини Шинҷон, изҳороти ҳукумат ва иттилои шабакаҳои иҷтимоӣ, оҷонси "Ассошиэйтед Пресс" навиштааст, бисёре аз сокинони маҳаллиро маҷбур мекунанд, бар хилофи этикаи тиббӣ аз муолиҷаи тиббии чинӣ гузаранд.

То ҳол ҳеч шаҳодати он вуҷуд надорад, ки тибби суннатии Чин бар зидди коронавирус давое дошта бошад. Яке аз маводи истифодашаванда дар тибби чинӣ бо номи Qingfei Paidu аз омехтаи гиёҳҳое иборат аст, ки дар Олмон, Швейтсария ва Амрико бо сабаби маводи заҳролудкунандаву саратонзо буданаш мамнуъ аст.

Бар асоси ин гузориш, бо ин ки дар Шинҷон дар як ҳафтаи ахир ҳеч ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст, боз ҳам меъёру чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба пандемия дар муқоиса бо минтақаҳои дигари Чин хеле шадид мебошад.

Масалан, дар шаҳри Вуҳани вилояти Ҳубей, ки вируси нав моҳи декабри соли гузашта маҳз дар ҳамон ҷо ошкор шуд, сокинонро ба ҳеч сурат маҷбур намекунанд, ки доруеро аз тибби суннатӣ истеъмол кунанд ва меъёрҳои маҳдудкунанда ҳам чандон сахту сангин нест.

Гузориш мегӯяд, дар маҷмуъ бар асоси иттилои ҳукумат ва гузоришҳои матбуоти давлатӣ ҳисоб шудааст, ки беш аз нисфи 25 миллион аҳолии Шинҷон дар карантин ҳастанд ва ин маҳдудият даҳҳои километр масофаро то Урумчӣ дар бар мегирад.

Баъзе аз гузоришҳои ахир аз Шинҷон инчунин баёнгари он аст, ки тадбирҳои шадиди маҳдудкунанда нисбат ба намояндагони қавми ҳан ҳам татбиқ мешавад, вале ин мардум аз боздоштҳои худсаронае, ки нисбат ба гурӯҳҳои қавмии бумии Шинҷон татбиқ мешавад, озод ҳастанд.

Моҳи августи соли 2018 Созмони Милал гуфт, ки дар Чин дар вилояти Шинҷон тахминан 1 миллион уйғур ва сокинони дигари бумӣ дар марказҳои, ба истилоҳ, “зиддитеррористӣ” нигаҳдорӣ мешаванд. СММ гуфт, миллионҳо нафари дигар дар урдугоҳҳои, ба истилоҳ, “бозтарбия” ҷой дода шуданд.

Чин мегӯяд, ин муассисаҳо зиндон ва ё урдугоҳҳои консентратсионӣ нестанд. Онҳое, ки тавонистанд аз ин минтақа фирор кунанд, мегӯянд, ҳазорҳо уйғурҳову қазоқҳо ва мусалмонони дигари Шинҷон дар шабакаи урдугоҳҳо мавриди ҳабси сиёсӣ қарор дода шудаанд.

Дар Шинҷон мардуми зиёди бумии мусалмон зиндагӣ мекунад, ки қисми зиёдашон уйғурҳо ва баъд қазоқҳо мебошанд. Инчунин, дар миёни сокинони маҳаллӣ қирғизҳо, тоҷикҳо ва дунганҳо ҳам ҳастанд. Ҳанҳо, ки гурӯҳи дуюми калони қавмӣ дар Чин мебошанд, ҳамчунин бештар дар Шинҷон зиндагӣ мекунанд.

Амрико нисбат ба мақомоти амалкунандаву собиқи Шинҷон барои поймол кардани ҳуқуқи мардуми бумӣ таҳримҳо ҷорӣ кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG