Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хабарнигорони Озодиро "агенти хориҷӣ" номид, Флай маҳкум кард


Вазорати адлияи Русия 3-юми декабр чаҳор хабарнигори ҳозира ва пешини Радиои Озодиро "агентҳои хориҷӣ" номид. Мақомоти Русия ин истилоҳро нисбати созмонҳо ва шахсоне истифода мекунанд, ки ба бовари онҳо аз хориҷ маблағгузорӣ шуда, ба фаъолияти сиёсӣ машғуланд.

Вазорат гуфт, хабарнигорони бахши тоторӣ-бошқирдии Радиои Озодӣ ва тарҳи "Идел.Реалити" Алина Григорева, Андрей Григорев, Регина Ҳисамова ва ҳамкори пешинаи онҳо Регина Гималова ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ"-и Русия дохил карда шуданд. "Идел.Реалити" як тарҳи Радиои Озодӣ аст.

Қонуни баҳсбарангези "агенти хориҷӣ" дар Русия соли 2012 қабул шуда, бештар ба зидди мунтақидон ва расонаҳои озод истифода мешавад. Ин қонун аз созмонҳое, ки аз хориҷа ёрӣ мегиранд ва, ба бовари мақомот, ба фаъолияти сиёсӣ машғуланд, бояд худро ҳамчун “агентҳои хориҷӣ” номнавис кунанд.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Озодӣ, ин иқдоми мақомоти Русияро маҳкум кард. Ӯ гуфт, бахши тоторӣ-бошқирдии Радиои Озодӣ ба гузориш додан ба мухотабони худ дар дохили Русия идома хоҳад дод ва рисолаташро "беш аз ҳарвақта муҳим" номид.

XS
SM
MD
LG