Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, барои пешгирӣ аз нақшаи Русия тарҳеро дуруст мекунад


Ҷо Байден ва Владимир Путин. Акс аз моҳи июни 2021
Ҷо Байден ва Владимир Путин. Акс аз моҳи июни 2021

Президенти Амрико гуфт, бар сари тарҳе кор мекунад, ки бино бар он ҳаракати низомии Русия алайҳи ҳамсояаш, Украина, бисёр душвор хоҳад шуд.

Ҷо Байден рӯзи 3-юми декабр ба хабарнигорон гуфт, ин тарҳ “ҳамаҷониба” аст. “Ба ҷаноби Путин бисёр мушкил хоҳад буд, ки ба корҳои худ, ки мардум аз анҷомаш тарс доранд, идома бидиҳад. Аммо ин нақша дар ҳоли таҳия шудан аст," – афзуд ӯ.

Байден дар ҳоле дар ин маврид суҳбат мекунад, ки бино бар хабарҳо Русия дар сарҳад бо Украина беш аз 90 ҳазор сарбоз ва ҳамчунон танкҳову силоҳҳои вазнинро ҷобаҷо кардааст. Киев аз ҳуҷуми эҳтимолии Маскав нигарон аст.

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, дар пайванд ба ин вазъият бо Украина ва муттафиқони аврупоияш мунтазам дар тамос аст. Юрий Ушаков, мушовири Кремлин, гуфтааст, Владимир Путин ва Ҷо Байден рӯзҳои наздик суҳбати онлайнӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG