Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон ҷазоро барои фасодкорӣ сахттар мекунанд


Оҷонси мубориза бо коррупсияи Узбекистон тарҳи қонунеро ба палатаи қонунгузори ин кишвар пешниҳод кардааст, ки сахттар кардани ҷазоро барои фасодкорӣ пешбинӣ мекунад.

Раиси оҷонс Акмал Бурҳонов 2-юми декабр дар ин бора хабар дода, гуфт, дар лоиҳаи қонун мафҳуми "ҷинояти коррупсионӣ" муайян карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ба он 15 навъи ҷинояткорӣ шомил мешавад.

Дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ки гумонбар барои дуздӣ тавассути азхудкунӣ ё исрофкорӣ ва қаллобӣ бо суистифода аз мақом ба муҳлати то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад. Қонуни амалкунанда барои ин навъи ҷиноятҳо то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ҳамчунин барои гирифтан ё додани ришва, миёнаравӣ дар ришвахорӣ то 20 соли зиндон пешбинӣ гаштааст.

Тибқи лоиҳаи қонун, шахсоне, ки бо ҷиноятҳои марбут ба ришвахорӣ зиндонӣ шудаанд, пеш аз муҳлат шартан озод намешаванд ва ҷазои онҳо низ сабуктар карда нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG