Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Намангон музокироти марзии Тоҷикистону Узбекистон доир шудааст


Марзи Тоҷикистон ва Узбекистон.
Марзи Тоҷикистон ва Узбекистон.

Дар шаҳри Намангони Узбекистон нишасти навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин гуфтугӯҳо аз 22 то 27 ноябр доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар гуфтушунидҳо корҳои аломатгузорӣ баррасӣ ва "пешниҳодҳои бо якдигар мувофиқашуда оид ба лоиҳаи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон омода карда шуданд".

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки пас аз анҷоми гуфтугӯҳо протокол имзо шуд. Вохӯрии навбатии корӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Замони дақиқи ин вохӯрӣ эълон нашудааст.

Тоҷикистон ва Узбекистон 1300 километр марзи муштарак доранд, ки ҳудуди 90 дарсади он таъйину аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG