Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод меъёри рӯзонаи фурӯши хӯроквориро камтар карданд


Бозори "Ҷаннат" дар Ишқобод (Ашхобод). Акс аз соли 2019
Бозори "Ҷаннат" дар Ишқобод (Ашхобод). Акс аз соли 2019

Мақомоти шаҳри Ишқобод дар пасманзари сахттар шудани буҳрони ғизоӣ дар Туркманистон ҳаҷми фурӯши рӯзонаи маҳсулоти хӯроквориро барои муштариён камтар карданд.

Фурӯшгоҳҳои маҳаллаи Кешии Ишқобод минбаъд ба ҳар як хонавода, сарфи назар аз аъзои он бо меъёри муайян маҳсулоти ғизоӣ мефурӯшанд. Дар ҳоле ки пештар ҳар узви хонавода ҳақ дошт, он миқдор маводи хӯроквориро харад.

"Акнун ба ҳар як хонавода 1 литр равғани растанӣ, 1 кило шакар ва ду мурғ мефурӯшанд. 15 дона тухмро низ илова кардаанд. Дар бозор як дона тухмро ба 3 манат мефурӯшанд. Инҳо ба мо 1 дона тухмро 1 манатӣ медиҳанд. Вале дар ҳар як хона се-чор кас зиндагӣ мекунанд. Ин миқдор маҳсулот ба ҳама намерасад", - изҳор дошт як сокини маҳаллаи мазкур ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ҳамсуҳбати бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, сокинони Кешӣ аз ин қарори мақомоти Ишқобод сахт норозӣ ҳастанд.

Буҳрони иқтисодие, ки панҷ сол мешавад, дар Туркманистон идома дорад, норасоии маҳсулоти ғизоиро низ дар он кишвар ба миён овардааст.

XS
SM
MD
LG