Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кишвар Эронро ба рахнагарӣ дар шабакаҳояшон муттаҳам карданд


U.S. -- A photo shows the inside of a computer in Jersey City, N.J. The U.S. National Security Agency, February 23, 2019
U.S. -- A photo shows the inside of a computer in Jersey City, N.J. The U.S. National Security Agency, February 23, 2019

Мақомоти Амрикову Бритониё ва Австралия мегӯянд, як гуруҳи рахнагарони интернетӣ, ки шарики ҳукумати Эрон ҳастанд, масъули ҳамлаҳо ба шабакаҳо дар Амрико ва Австралия, аз ҷумла ҳамлаҳои интернетӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ва нақлиёт ҳастанд.

Дар баёнияи муштараки се кишвар омадааст, ки “Омилони таҳти сарпарастии Эрон фаъолона зербунёдҳои муҳими Амрико аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт ва тандурустӣ ва ҳам дар Австралияро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.” Дар баёния омадааст, ки аз моҳи марти соли 2021 гуруҳи мазкур бо истифода аз заъфи Майкрософт Эксченҷ ва нармафзори Фортинет шабакаҳои компютерии як идораи ҳукуматӣ ва шифохонаи кӯдаконае дар Амрико рахна кардааст.

Ҳадафи баъдии онҳо дуздии маълумот, тамаҷӯӣ ва пулситонӣ аз ҷабрдидагон будааст. Ширкати Майкрософт гуфтааст, ки “шаш гуруҳи хатарнок”-и эрониро мушоҳида кардааст, ки аз моҳи сентябри соли 2020 ҳар 6 ё 8 ҳафта барномаҳои рахнагарро ба роҳ меандозанд. Мақомоти Эрон ин гузоришҳоро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG