Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Аврупо шикояти муҳоҷиронро нисбати корфармои рус баррасӣ мекунад


Тумар Қосимова, шаҳрванди Узбекистон бо духтараш Боқия Қосимова
Тумар Қосимова, шаҳрванди Узбекистон бо духтараш Боқия Қосимова

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Страсбург шикояти шаҳрвандони Қазоқистону Узбекистонро баррасӣ мекунад.

Чанд зан аз Қазоқистону Узбекистон шикоят доранд, ки як корфармои рус дар ноҳияи Голяновои Маскав онҳоро ба ғуломӣ гирифта буд.

Додгоҳи Аврупо гуфт, ду шикояти панҷ ҷабрдидаро муштарак баррасӣ мекунад. Шикояти нахустин дар соли 2016 аз сӯи шаҳрвандони Узбекистон, Гулжанар Назанова ва Боқия Қосимова, шикояти дувум аз сӯи Фотима ва Алӣ Мусобоевҳо, шаҳрвандони Қазоқистон бурда шуда буд.

Аз ҳуқуқи онҳо дар додгоҳ вакилони мудофеи маркази ҳуқуқи инсони "Мемориал" якҷо бо кумитаи "Мусоидати шаҳрвандӣ" ҳимоят мекунанд.

Фурӯшгоҳи ғизо, ки шаҳрвандони хориҷиро дар онҳо ҳамчун ғулом кор мефармуданд, дар кӯчаҳои Урал, Парковая ва Новосибири ноҳияи Голянов қарор доштанд.

Ба иттилои кумитаи "Мусоидати шаҳрвандӣ", тоҷир ҳуҷҷати занонро гирифта, онҳоро ҳамчун коргар сабти ном накарда ва ба онҳо маош низ надодааст.

XS
SM
MD
LG