Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон беш аз 366 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст


Акс аз соли 2017. Вилояти Хатлон
Акс аз соли 2017. Вилояти Хатлон

Дар Тоҷикистон аз аввали мавсим беш аз 366 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Ба иттилои вебсайти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, пахта соли ҷорӣ дар майдони наздики 174 гектар замин кишт шуда, то 5 ноябр аз ин заминҳо 366 ҳазору 740 тонна ҷамъоварӣ шудааст. Ба навиштаи мақомот, ин миқдор назар ба соли 2020 наздики 17 ҳазор тонна бештар мебошад. Пешбиниҳои соли 2021-и мақомот ин аст, ки дар саросари кишвар дар маҷмӯъ ҳудудан 400 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои расмӣ, соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳосили гандум ба наздики 685 ҳазор тонна расонида шуда назар ба соли гузашта наздики 49 ҳазор тонна бештар мебошад. Пахта ва гандум аз маҳсулоти стратегии иқтисоди Тоҷикистон ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG