Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, дар марз бо Украина наздики 100 ҳазор аскари рус қарор дорад


Владимир Зеленский, президенти Украина.
Владимир Зеленский, президенти Украина.

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, дар марзи кишвараш бо Русия наздики 100 ҳазор сарбози Русия ҷойгир шудааст. Вай афзуд, кишварҳои ғарбӣ ба Киев иттилоъ доданд, ки артиши Русия дар наздикии марз бо Украина фаъол шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳо рӯзи 13-уми ноябр бо такя ба сомонаи президенти Украина хабар доданд.

Ба навиштаи сомонаи "Садои Амрико", ҳаракати артиши Русия дар наздикии марз бо Украина нигаронии Киев ва кишварҳои ғарбиро ба бор овард. Украина ва Ғарб нигаронанд, ки Русия эҳтимол ба Украина ҳамла хоҳад кард. Москва ин эҳтимолҳоро "иғво" номида, аз афзоиши фаъолнокии НАТО дар минтақа изҳори нигаронӣ кард.

XS
SM
MD
LG