Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси дафтари "Ал-Ҷазира" дар Судон


Тазоҳурот дар Хартум, пойтхати Судон. 13-уми ноябри 2021
Тазоҳурот дар Хартум, пойтхати Судон. 13-уми ноябри 2021

Телевизиони "Ал-Ҷазира" мегӯяд, ки нерӯҳои амниятии Судон ба хонаи раиси дафтари ин шабака дар Хартум ҳамла карда, ӯро дастгир намудаанд. "Ал-Ҷазира" хабарро рӯзи 14-уми ноябр нашр кард, вале ҷузъиёт надод.

Боздошти раиси дафтари "Ал-Ҷазира" дар пойтахти Судон пас аз он рӯй дод, ки рӯзи шанбе дар Хартум панҷ норозиро куштанд.

Хартум ва шаҳрҳои дигари Судон саҳнаи эътирозҳои густарда алайҳи ишғоли қудрат аз тарафи артиши ин кишвар ҳастанд.

Ҳазорон судонӣ бо нишони эътироз алайҳи барканории ҳукумати Абдуллоҳ Ҳамдук, сарвазири пешини Судон, дар охири моҳи октябри имсол ба кӯчаҳо баромадаанд.

Табаддулот ё кудетои артиш сабаб шуд, ки Ғарб низ садҳо миллион доллар кумакашро ба Судон боздорад.

XS
SM
MD
LG