Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хабарнигори телевизион дар Кобул кушта шудааст


Ҳамид Сайғонӣ, хабарнигори телевизиони "Ориёно"
Ҳамид Сайғонӣ, хабарнигори телевизиони "Ориёно"

Бар асари таркиш дар мусофирбаре дар маҳаллаи шианишини Дашти Барчии шаҳри Кобул як хабарнигори маъруфи Афғонистон кушта шудааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми ноябр рӯй дод.

Маркази хабарнигорони Афғонистон дар Твиттер иттилоъ дод, ки дар таркиш Ҳомид Сайғонӣ, корманди телевизиони "Ориёно", ҷон бохт.

Ҳамсари Сайғонӣ, ки низ рӯзноманигор аст, дар паёме дар Фейсбук марги ӯро тасдиқ кард. Вай навишт, ки "ман Ҳамидро аз даст додам."

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи "Толибон", мегӯяд, инфиҷори мусофирбар дар маҳаллаи Дашти Барчӣ зоҳиран бар асари сӯхтор рух додааст. Ба гуфтаи вай, дар ин ҳодиса ба камияш як ғайринизомӣ кушта шуда, чаҳор нафар бо захмҳои гуногун дар шифохона бистарӣ гардидаанд.

Муҷоҳид гуфт, таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби “Толибон” идома дорад.

То ба ҳол масъулияти ҳамларо касе ба уҳда нагирифтааст. Дар гузашта ҳамла ба масҷиду маҳаллаҳои шианишинро дар Афғонистон шохаи "Хуросон"-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба дӯш гирифта буд.

XS
SM
MD
LG