Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон назар ба соли гузашта картошкаи бештар ҷамъоварӣ шудааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Имсол дар Тоҷикистон ҳосили картошка бештар шудааст. Вазорати кишоварзӣ бо нашри омор мегӯяд, то 5 -уми ноябр дар кишвар беш аз 691 ҳазор тона картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбати соли пеш тақрибан 145 тонна зиёдтар мебошад. Дар ҷамъоварии ҳосил вилояти Суғд пешсаф будааст. Дар ин муддат, дар он ҷо 340 ҳазор тона картошкаро ғундоштаанд. Тоҷикистон меъёри истеъмоли картошкаро барои ҳар нафар дар як сол аз 70 килои қаблӣ то ба 92 кило боло бурд. Ба ин ҳисоб, барои таъмини беш аз 9 миллиону 300 ҳазор аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 830 ҳазор тонна картошка зарур аст. Оморе, ки масъулон чанд соли охир аз ҷамъоварии ҳосили картошка эълон мекунанд, аз ин бештар аст. Аммо боз ҳам кишвар ба камчинии картошка хусусан дар анҷоми зимистон ва аввали баҳор дучор меояду, сокинон ҳар дафъа аз норасоии "нони дувум" ва баъзан гаронии нархи он шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG