Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полша як гузаргоҳи марзиро бо Беларус баст. Минск аз "ҳама гуна иғво" ҳушдор дод


Марзи Полша ва Беларус
Марзи Полша ва Беларус

Полша як гузаргоҳи марзиро бо Беларус баст. Минск дар навбати худ Варшаваро ба гуфтааш, аз "ҳама гуна иғво" ҳушдор додааст.

Буҳрони муҳоҷирон дар марзи Полшаву Беларус мавриди нигаронии Иттиҳоди Аврупо шудааст.

Гузаргоҳи марзӣ дар Бружи Кузнитса субҳи 9-уми ноябр дар ҳоле баста шуд, ки гурӯҳи азими муҳоҷирон аз кишварҳои сеюм талош карданд, панҷараву монеҳоро гузашта, вориди хоки Полша шаванд.

Дар наворҳое, ки ҳукумати Полша 8-уми ноябр нашр кард, дида мешавад, мардуми зиёд талош доранд, аз панҷараҳои оҳании сарҳад гузашта, ба хоки ин кишвар ворид шаванд.

Вазорати корҳои дохилии Полша гуфт, аз ин талошҳо пешгирӣ шуд. Субҳи 9-уми ноябр наворҳои дигари видеоӣ нашр шуд, ки дар онҳо дида мешавад, муҳоҷирон дар қисмати беларусии сарҳад хайма зада, он ҷо шабро рӯз кардаанд.

Баъди ин, марзбонони Полша эълон карданд, ки гузаргоҳи марзӣ танҳо барои убури шахсони расмӣ боз хоҳад буд. Ба ҳисоби ҳукумати Полша, дар ин нуқтаи марзӣ 3-4 ҳазор ва дуртар аз онҳо ҳазорҳо нафари дигар қарор доранд.

Петр Мюллер, сухангӯи ҳукумати Полша, гуфт, “интизори мо ин аст, ки дар ояндаи наздик ингуна амалҳо, ки шояд хусусияти мусаллаҳона ҳам касб кунанд, дар сарҳади Полша бештар мешавад”.

Мюллер хадамоти вижаи Беларусро дар ташкили талошҳои ғайриқонунӣ гузаштани марз гунаҳкор кард.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Беларус рӯзи 9-уми ноябр бо нашри изҳороте гуфт: "Мо мехоҳем ҷониби Полшаро пешакӣ аз ҳама гуна иғво алайҳи Ҷумҳурии Беларус ба хотири сафед кардани истифодаи нирӯ алайҳи мардуми бенавову бесилоҳ, ки дар миёни онҳо кӯдакону занони зиёд мебошанд, ҳушдор диҳем."

Пеш андохтани муҳоҷирони зиёд ба сарҳади Полша, ки инак чанд моҳ аст идома дорад, боиси эҷоди буҳрони муҳоҷират дар марз шудааст.

Иттиҳоди Аврупо раҳбари худкома Александр Лукашенкаро гунаҳкор кард, ки дар вокуниш ба таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо муҳоҷирони кишварҳои Ховари Миёна ва Африқоро ба сарҳадҳои Литва, Латвия ва Полша тела медиҳад. Лукашенко, ки барои саркӯби мухолифон таҳрим шудааст, ҳама гуна иттиҳоморотро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG