Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози соҳибони мошинҳои "русӣ" дар Қазоқистон


Эътирози ронандагон дар шаҳри Нурсултон.
Эътирози ронандагон дар шаҳри Нурсултон.

Даҳҳо соҳиби мошинҳое, ки бо рақамҳои давлатии Русия вориди Қазоқистон шудаанд, 8-уми ноябр ба нишони эътироз дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуданд.

Ронандагони норозӣ гуфтанд, кормандони пулис рӯзҳои ахир мошинҳоеро бештар боз медоранд, ки рақамҳои давлатии Русияро доранд. Ба гуфтаи ронандагон, ҳолатҳои ҷаримашавии соҳибони мошин ва интиқол ёфтани мошинҳо ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ афзоиш ёфтааст.

"Дар ин гуна мошинҳо асосан одамони оддӣ мегарданд. Бинобар ин, амали кормандони пулисро мешавад фишор ба одамони оддӣ гуфт. Бигузор, мақомот ба ҷои фишор роҳи дигареро биҷӯяд",-изҳор дошт яке аз эътирозгарон.

Соҳибони ин навъи мошинҳо дар шаҳрҳои Семей, Костанай, Урал ва Оқтеппаи Қазоқистон низ таҷаммуъ карда буданд.

Елжан Чупеков, як масъули Департаменти пулиси Нурсултон ба назди эътирозгарон баромада, гуфт, мошинҳое бояд тафтиш шавад, ки аз қайди Русия бароварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG